ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

girl boy3

1
июни
2026

1 июни соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Нигора Аминзода, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба Марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки №1 ва №2, инчунин Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

1
июни
2026

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳабри Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-академӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид.

27
майи
2026

Санаи 26 майи соли ҷорӣ намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардустонаи “Good neighbors” дар Тоҷикистон, масъулини раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ва котиби мақомоти васояту парастории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳошияи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар чорабиниҳои баргузорнамудаи МТМУ №4 ва № 13 шаҳри Ваҳдат ширкат варзиданд.

25
майи
2026

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сохтори «СММ-занон» дар Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об 2026» баргузор гардид.

Форуми мазкур дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе сурат гирифта, татбиқи бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро мустақиман дастгирӣ менамояд.
​Буҳрони глобалии об, ки бар асари тағйирёбии иқлим шиддат меёбад, хатарҳои амиқи гендериро ба бор меорад. Занон ва духтарон то ҳол бо бори номутаносиби норасоии об рӯбарӯ ҳастанд, ки ин ба саломатӣ, вазъи иқтисодӣ ва амнияти озуқавории онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон, иштироки онҳо дар равандҳои идоракунии захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо нокифоя боқӣ мемонад.

Омодакунандаи сомона DarAmal