RSS-канал
-
Идомаи чорабиниҳои маърифатию машваратӣ ва шиносоӣ дар шаҳри Турсунзода
Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифтаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва таҳкими ҳамкориҳо, санаи 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.Дар чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода, муовини раиси шаҳри Турсунзода Абдулозода Лайло, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин, фаъолони ҷомеа, раисони маҳаллаҳо ва толибилмони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
-
Идомаи шарҳу тавзеҳи паёми Президент дар ноҳияи Рашт
Дар идомаи иқдомҳои навбатӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва пешбурди фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 апрели соли ҷорӣ чорабинии навбатӣ дар ноҳияи Рашт доир гардид.Дар чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Ҷононзода Маҳмадисо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
-
Баргузории чорабиниҳои маърифатию машваратӣ ва шиносоӣ дар шаҳри Ҳисор
Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифтаи мақомоти ВҲИ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва тақвияти ҳамкориҳо мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода, санаи 10 апрели соли ҷорӣ гузаронида шуд, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин, фаъолони ҷомеа, раисони маҳалла ва дигар фаъолон ширкат доштанд. -
Шарҳу тавзеҳи паёми Президент дар ноҳияи Файзобод
Дар доираи иқдомҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва пешбурди фаъолияти хизматӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.Чунин як чорабинӣ бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ санаи 8 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Файзобод гузаронида шуд, ки дар он раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа ширкат доштанд.
-
Иштироки навбатӣ дар семинари омӯзишии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ»
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи инсон ба саломатӣ соли 2026 дар давлатҳои узви ИДМ “Соли ҳифзи саломатӣ” эълон гардидааст. Дар ин робита, аз 6 то 10 апрел дар Тоҷикистон низ баргузории маъракаи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” идома дошта, роҳбарият ва кормадони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур саҳм мегузоранд. -
Дарси кушод оид ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи инсон ба саломатӣ соли 2026 дар давлатҳои узви ИДМ “Соли ҳифзи саломатӣ” эълон гардидааст. Дар ин робита, аз 6 то 10 апрел дар Тоҷикистон низ баргузории маъракаи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” идома дошта, роҳбарият ва кормадони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳо саҳм мегузоранд.Чунин як чорабинӣ санаи 7 апрел дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки зиёда аз 200 нафар устодону донишҷӯёни муассисаи мазкур баргузор карда шуд. Чорабиниро Сафо Қаландаров намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ифтитоҳ намуда, оид ба мақсади баргузории “Ҳафтаи ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” маълумот дод.
-
Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Санаи 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи 6-уми Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи зикршуда вобаста ба ҷараёни омодагии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои гузаронидани аксияи байнидавлатии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар ИДМ» (рӯзҳои 6-10 апрели соли чорӣ) иттилои аъзои Комиссия шунида шуда, қарори дахлдор қабул гардид.
-
ДАР МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДОИР БА ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТ ДАР СОЛИ 2025 ДОИР ГАРДИД
Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 9 феврали соли 2026 дар толори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2025 ташкил ва гузаронида шуд.Зимни нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан намуда, иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ монда, дар соли 2025 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешбурди ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.
-
Мизи мудаввар бахшида ба ҷамъбасти фаъолияти мониторингӣ дар муассисаҳои кӯдакона дар ҳошияи Рӯзи ҳуқуқи инсон ва “Ҳафтаи ҳуқуқи инсон" (11 декабр, ш.Душанбе, меҳмонхонаи “Ҳилтон”)
Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» чорабиниҳои гуногун мегузаронад.Дар ин робита, ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2025 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва шарикони рушд, ки бо кӯдакон фаъолият мебаранд, санаи 11 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо мусоидати дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ мизи мудаввар баргузор гардид.
-
боздид аз Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-2 ва кӯдакистони “Ахтарак” ноҳияи Рашт

боздид аз Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-2 ва кӯдакистони “Ахтарак” ноҳияи Рашт
Зимни сафари кории худ санаи 31 июл соли 2025 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
М. Бобоҷонзода, аз Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-2 ва кӯдакистони “Ахтарак” ноҳияи Рашт боздид ба амал овард.





