ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

girl boy3

12
ноябри
2019

Дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдаконе, ки дар Хонаи кӯдакони № 2 ш. Душанбе тарбия мегиранд, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ.санаи 12 ноябри соли ҷорӣ ба муассисаи мазкур боздид ба амал овард.

11
ноябри
2019

Рӯзи 8 ноябри соли 2019 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ифтихори ҷашнҳои 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак чорабинии калони фарҳангиву фароғатӣ барои кӯдакон ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон баргузор гардид.

5
ноябри
2019

25-УМИН СОЛГАРДИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯ МУБОРАК, ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!
Бо роҳнамоиву иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат таҳия ва қабул гардид, ки дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

5
ноябри
2019

Конститутсия таҳкимбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон
 
Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсия пеш омад ва оғози марҳилаи дигаргуниҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гардид. Қабули ин санади тақдирсоз роҳи давлатдории моро муайян кард. Чунон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотии худ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри соли 2015 қайд кардаанд: «Конститутсия ҳамчун муҳимтарин омили таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишвар тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд. Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад».

5
ноябри
2019

04.11.2019 11:34, шаҳри Душанбе
 
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
 
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад.
 
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи бузург табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддасу таърихиамон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal