30 октябри соли 2026 дар доираи чорабиниҳои Форуми дуюми байналмилалии Ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода аз бинои Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон боздид намуда, бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ин кишвар Динара Закиева вохӯрӣ ва мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ Муқимӣ Нигора Аминзода мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак баён намуда, таъкид карданд, ки таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои беҳтарини кӯдак яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Қайд гардид, ки барои ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқи кӯдак таҳкими механизмҳои миллӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти масъул, пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди кӯдакон аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, нақши ниҳодҳои ваколатдор дар пешбурди сиёсати давлатӣ, такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқии кӯдакон ва тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон, зарурати мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва истифодаи имкониятҳои ҳамкории минтақавӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид гардид.

Муқимӣ Нигора Аминзода ба аҳаммияти ҳамкории муассисаҳои ваколатдор бо мақомоти қонунгузор ва дигар сохторҳои давлатӣ ишора намуда, изҳор доштанд, ки таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва татбиқи самараноки онҳо дар амал барои таҳкими кафолатҳои ҳуқуқии кӯдакон заминаи муҳим фароҳам меорад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд, густариши робитаҳои касбӣ ва табодули таҷриба дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак иброз доштанд.
Боздид ва мулоқоти мазкур дар таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ байни ниҳодҳои ваколатдори кишварҳои аъзо ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад.
Рӯзҳои 28–29 октябри соли 2026 дар доираи Форуми дуюми байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода дар ҳайати намояндагони кишварҳои иштирокчӣ аз як қатор муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва фарҳангии шаҳри Остона боздид намуд.

Аз ҷумла, иштирокчиён аз мактаби болаёқати шаҳри Остона ва мактаби №101 «Келешек мектебі» боздид намуда, бо шароити таълиму тарбия, низоми таъмини амнияти хонандагон, механизмҳои дастгирии равонию педагогӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ дар ошкорсозии ҳолатҳои хатарнок шинос шуданд. Дар мактаби №101, аз ҷумла, фаъолияти низоми назорати видеоӣ, платформаҳои рақамии пешгирии ҳодисаҳои марбут ба амнияти хонандагон ва роҳҳои дастгирии кӯдакон дар ҳолатҳои душвор муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон, боздид аз Маркази тамоси 111, ки шабонарӯзӣ муроҷиатҳои кӯдакон ва шаҳрвандонро қабул менамояд, барои шиносоӣ бо таҷрибаи Қазоқистон дар самти расонидани кумаки фаврӣ ба кӯдакони ниёзманд аҳаммияти муҳим дошт. Иштирокчиён бо имкониятҳои муроҷиат тавассути телефон ва каналҳои рақамӣ, аз ҷумла QR-рамзҳо, инчунин тартиби қабул ва коркарди муроҷиатҳо шинос гардиданд.
Дар идомаи барнома ҳайати иштирокчиён аз Донишгоҳи ба номи Мақсуд Нарикбаеви шаҳри Остона боздид намуда, дар чорабинии маърифатӣ оид ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқи онҳо иштирок карданд. Инчунин, боздид аз осорхонаи шаҳри Остона ба шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми Қазоқистон мусоидат намуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин боздидҳоро имконияти муҳими омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва табодули андешаҳо арзёбӣ намуда, зарурати истифодаи таҷрибаҳои муфидро бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим донистанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мазкурро ҳамчун замина барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, густариши робитаҳои касбӣ ва муайян намудани роҳҳои нави ҳамкории муассир дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак арзёбӣ намуд.
|
28
октябри
2026
|
28 октябри соли 2026 дар доираи Форуми дуюми байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки таҳти унвони «Садои кӯдакон: стратегияҳои миллӣ ва муҳити рақамии бехатар», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирокчиёни форум бо раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Қазоқистон Элвира Азимова мулоқот намуд.

27 октябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми дуюми байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Садои кӯдакон: стратегияҳои миллӣ ва муҳити рақамии бехатар» баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок намуд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур Муқимӣ Нигора Аминзода бо суханронӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, зарурати таҳкими механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт ибрози назар намуд.

Зимни баромад таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, таъмини шароити мусоид барои зиндагӣ, таълиму тарбия, рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила мебошад. Ҳамзамон, дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳифзи кӯдакон аз таҳдиду хатарҳои муҳити рақамӣ ва пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Ҳадафи асосии форум табодули таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, такмили низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таъмини амнияту некӯаҳволии кӯдакон мебошад.
Дар ҷараёни форум иштирокчиён масъалаҳои ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ, пешгирии зӯроварӣ ва буллинг, таъмини солимии равонии кӯдакон, фароҳам овардани муҳити бехатару фарогир ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи кӯдакон мавриди муҳокима қарор доданд.
Ҳамзамон, ба масъалаи истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ барои сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кӯдакон, муайян намудани ниёзҳои онҳо ва ташкили расонидани кумаки зарурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми мазкур барои муаррифии таҷрибаи кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди иқдомҳои муштарак ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак мусоидат менамояд.
|
22
октябри
2026
|
Имрӯз муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва дурнамо» иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои муҳимми такмили заминаи ҳуқуқии кишвар, усулҳои муосири пешгирии ҷиноятҳо ва механизми ҳифзи ҳуқуқҳои шахсоне, ки аз савдои одамон зарар дидаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак зимни баромади худ таъкид дошт, ки ҳифзи кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои истисмор ва савдои одамон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қайд карда шуд, ки таҳкими қонунгузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои барқарорсозии равониву иҷтимоии қурбониёни кӯдакон кафолати ояндаи солимии ҷомеа мебошад.

Дар доираи конфронс иштирокчиён пешниҳодҳоро оид ба тасвиби усулҳои нави расонидани кумаки ҳуқуқӣ, психологӣ ва иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон муҳокима намуда, самтҳои дурнамои ҳамкориҳои муштаракро муайян карданд.





