ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак

Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон

Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 ноябри соли 1974 дар ноҳияи Темурмалик вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1998 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), факултети ҳуқуқшиносиро бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” хатм намудааст.

Солҳои 1993-1998 – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);

Солҳои 1991-1993 – Котиби суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе;

Солҳои 1993-1995 – Инспектори Кумитаи назорати конститутсионии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 1995-2002 – Мутахассиси дараҷаи 1-ум, мутахассиси пешбар – котиби маҷлиси судӣ, ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2002-2004 – Сармутахассиси шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2004-2008 – Муовини раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;

Моҳҳои феврал-июни соли 2008 – Мутахассиси пешбари Бахши кадрҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Солҳои 2008-2021 – Сармутахассиси шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

Аз соли 2021 – Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal