15 октябр дар шаҳри Душанбе Хакатони минтақавӣ оид ба ҳифзи кӯдакон дар муҳити интернет бо истифода аз зеҳни сунъӣ (ЗС) баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабинии мазкур ба масъалаи истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва технологияҳои муосир барои пешгирии хатарҳои интернетӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва фароҳам овардани фазои рақамии бехатар равона гардидааст.
Ҳадафи асосии чорабинӣ ҷалби ҷавонони навовар, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, коршиносон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд барои дарёфти роҳу усулҳои таъмини амнияти кӯдакон дар муҳити рақамӣ буда ва оғози расмии фаъолияти платформаи PRIMERO буд. Инчунин тарафҳо шартҳои истифодаи платформаро низ ба имзо расониданд.

PRIMERO платформаи рақамии дорои рамзи кушода буда, барои идоракунии маълумоти марбут ба ҳифзи кӯдакон ва ҳамоҳангсозии хизматрасониҳои иҷтимоӣ истифода мешавад. Он ба мутахассисон имкон медиҳад, ки маълумоти дахлдорро ба қайд гиранд, нақшаи расонидани кумакро таҳия кунанд ва ирсоли муроҷиатҳоро байни хизматрасониҳои дахлдор ҳамоҳанг созанд.

Ҳифзи кӯдакон дар фазои интернет яке аз масъалаҳои муҳими рушди ҷомеаи рақамӣ мебошад. Зеро, бо васеъ гардидани истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои алоқаи электронӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассир барои пешгирии хатарҳои интернетӣ низ меафзояд.
Хакатони мазкур барои пешбурди ҳамкории байни ҷавонони навовар, мутахассисони технология, намояндагони мақомоти давлатӣ ва шарикони рушд заминаи мусоид фароҳам овард.






