ON / OFF IMAGES FONT A A A BACKGROUND Ц Ц Ц Ц
Visually impaired

Commissioner for children’s rights
in the Republic of Tajikistan

МЕНЮ

girl boy2

Calendar of Events

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

girl boy3

RSS-канал

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Сомонаи расмӣ
  1. Санаи 23 апрели соли 2024 Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобољонзода  Миљгона Бобољон вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои ноболиѓон аз Тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1- Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард

  2. 11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд.

    Муассисаи томактабии замонавӣ дар маркази вилояти Суғд дар заминаи дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи давлатии коммуналии “Идораи сохтмони асосӣ”-и шаҳри Хуҷанд давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

    Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мегузарад.

  3. Санаи 12 март муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мутахассиси Дафтари минтақавии ЮНИСЕФ Стела Григорас-ро ба ҳузур пазируфта, мулоқот анҷом дода шуд.

    Зимни мулоқот нахуст аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалисозии барномаҳои давлатӣ дар самти адлияи ноболиғон ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2038, амалишавии қонунгузории зиддитабъизӣ ва дурнамои фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ибрози андеша намуда, сипас оид ба фаъолият ва ҳамкориҳои самарабахш бо Хазинаи кӯдакони СММ ибрози назар намуданд.

  4. Имрӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин ниҳод.

    Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Чумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода иброз намуд, ки Наврӯз аз қадимтарин идҳои мардуми мо ба шумор рафта, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. «Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон Наврӯз бо тамоми шукуҳу ҳашамат ҷашн гирифта мешавад. Барои мо — тоҷикон мояи ифтихор аст, ки ҷаҳонишавии Наврӯз натиҷаи иқдоми пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз Наврӯзи оламафрӯз дар тамоми олам шинохта шудаву  мардумони дунё омадани онро пазмон мешаванд»,— гуфт ӯ.

  5. Санаи 7 марти соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи Модар” мизи мудаввар таҳти унвони “Зан – олиҳаи зиндагӣ” бо иштироки кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ватанӣ баргузор гардид.

  6. ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 7000 нафар машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба рӯзноманигорон хабар дод.

  7. atlas

    Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» дар самтҳои мухталиф чорабиниҳо мегузаронад.

    Дар ин робита ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2023 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва шарикони рушд, ки дар самти кӯдакон фаъолият мебаранд, санаи 12 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Атлас” мизи мудаввар баргузор гардид

  8.          Санаи 2 октябри соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони мақомот ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

  9. m1

    2 октябри соли 2023 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдачии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Муассисаи таълимии томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №98-и ноҳияи Синои ш. Душанбе боздид ба амал оварданд.

If a child begs, who is to blame?

If a child begs, who is to blame?

girl boy

Developed by DarAmal