Рӯзҳои 28–29 октябри соли 2026 дар доираи Форуми дуюми байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода дар ҳайати намояндагони кишварҳои иштирокчӣ аз як қатор муассисаҳои таълимӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва фарҳангии шаҳри Остона боздид намуд.

Аз ҷумла, иштирокчиён аз мактаби болаёқати шаҳри Остона ва мактаби №101 «Келешек мектебі» боздид намуда, бо шароити таълиму тарбия, низоми таъмини амнияти хонандагон, механизмҳои дастгирии равонию педагогӣ ва истифодаи воситаҳои рақамӣ дар ошкорсозии ҳолатҳои хатарнок шинос шуданд. Дар мактаби №101, аз ҷумла, фаъолияти низоми назорати видеоӣ, платформаҳои рақамии пешгирии ҳодисаҳои марбут ба амнияти хонандагон ва роҳҳои дастгирии кӯдакон дар ҳолатҳои душвор муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон, боздид аз Маркази тамоси 111, ки шабонарӯзӣ муроҷиатҳои кӯдакон ва шаҳрвандонро қабул менамояд, барои шиносоӣ бо таҷрибаи Қазоқистон дар самти расонидани кумаки фаврӣ ба кӯдакони ниёзманд аҳаммияти муҳим дошт. Иштирокчиён бо имкониятҳои муроҷиат тавассути телефон ва каналҳои рақамӣ, аз ҷумла QR-рамзҳо, инчунин тартиби қабул ва коркарди муроҷиатҳо шинос гардиданд.
Дар идомаи барнома ҳайати иштирокчиён аз Донишгоҳи ба номи Мақсуд Нарикбаеви шаҳри Остона боздид намуда, дар чорабинии маърифатӣ оид ба пешгирии ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон ва аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқи онҳо иштирок карданд. Инчунин, боздид аз осорхонаи шаҳри Остона ба шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми Қазоқистон мусоидат намуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин боздидҳоро имконияти муҳими омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва табодули андешаҳо арзёбӣ намуда, зарурати истифодаи таҷрибаҳои муфидро бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ ва низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим донистанд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мазкурро ҳамчун замина барои таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, густариши робитаҳои касбӣ ва муайян намудани роҳҳои нави ҳамкории муассир дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак арзёбӣ намуд.






