ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БО НАМОЯНДАГОНИ ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕАИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД
18 ноябри соли 2026 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳи ноҳияи Тоҷикобод вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни вохӯрӣ Муқимӣ Н.А. оид ба таърихи ташаккули ҳуқуқи инсон, заминаҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод кард. Ҳамзамон, муқаррароти қонунгузории миллӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, ҳимоя аз зӯроварӣ ва табъиз, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.






