ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
30
апрели
2019

ЗУБАЙДУЛЛО ДАВЛАТОВ: «БАРГАРДОНИДАНИ КӮДАКОН АЗ МИНТАҚАҲОИ ҶАНГЗАДА ИҚДОМИ НЕК, ВАЛЕ ЗАҲМАТТАЛАБ МЕБОШАД»

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд. Дар ин росто коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ ақидаҳои худро чунин иброз дошт.

— Назари шумо оид ба омилҳои дар кишварҳои ҷангзада қарор доштани кӯдакони тоҷик ва сарнавишти талхи онҳо чӣ гуна аст? Онҳо ба чӣ мушкилоте рӯ ба рӯ гаштаанд?
— Мушкили асосӣ он аст, ки ифротгароии динӣ ба рӯҳия ва ахлоқи шахсии инсон, ба муносибати ӯ ба муҳит ва ба робитаҳои ҷамъиятии шахс таъсири бисёр ҷиддӣ мегузорад. Ба хотири он ки падару модар, хоҳару бародар, хешу пайвандон, дӯстону ҳамкорон, устодон мисли ӯ ақида надоранд, онҳоро маҳкум карда ва ошкоро таҳдид мекунад. Барои ба дигарон таҳмил намудани фаҳмиши худ аз истифодаи зӯроварӣ ва хушунату бераҳмӣ худдорӣ намекунад. Бинобар ин ҳам дар бештари мавридҳо ифротгароён ҳамсарони худро бо роҳи хушунату таҳдид ба минтақаҳои ҷангзада бурда, онҳоро сарсону саргардон ва баъзеашонро аз ҳаёт маҳрум кардаанд.
Тасаввур кунед, ки ифротгароён зану фарзандонашонро ба кишварҳои ҷангзада бе ягон дурандешӣ мебаранд. Ҳодисаҳое буданд, ки ҳамсарони ҷанговарони ДИИШ дар ҳамон ҷо таваллуд мекунанд. Албатта ин кӯдакон дар ҳамон муҳиту шароти номусоид, яъне ҷангу ҷидол ва хунрезӣ ба воя мерасанд. Фарз кардем аз соли 2011 то ба имрӯз 8 сол мегузарад ва онҳо ба синни 8-солагӣ қадам монданд. Аммо он кӯдаконе, ки аз Тоҷикистон 3-солаю 5-сола ва ғайра буданд, аллакай ба балоғат расидаанд.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, терроризм имрӯз хусусияти пайванд додани хушунат ва даҳшатафканӣ тавассути расонаҳои иттилоотиро ба роҳ мондааст. Бештари расонаҳо низ дар навбати худ дар барҷаста сохтани таҳдидҳои террористҳо дар афкори омма зеҳниятсозӣ мекунанд, тарсу ваҳшатро дар дили одамон ҷо менамоянд ва ба террористҳо дар таблиғи мақсадҳояшон ёрӣ мерасонанд.
Аз баъзе расму наворҳо ба мо маълум аст, ки ифротгароёне, ки фирефтаи дурӯғҳои мубаллиғони ДИИШ гаштаанд, дар он ҷо ба кӯдакони худ, ки нав роҳгардиро меомӯзаду як-ду қадам мегузорад, дар гардани онҳо автомат бор мекунанд, то ба муҳит мутобиқ шавад ва дар оянда чун ҷангҷӯй обутоб ёбад.
Ба каме бузургтарҳояш тавассути навор ва дар шакли зинда паррондан ва куштани одамро нишон медиҳанд. Ҳолатҳое буданд, ки ба дасти кӯдакон корд медоданд, то сари асиронро аз тан ҷудо созад. Аз ин тарзи тарбияи ҷангҷӯён ҳама тавассути васоити ахбори омма, Интернет ва дигар воситаҳо хабар доранд.
Вақте кӯдак дар ин гуна муҳит тарбия ёфт, гарчанде ақл ҳам надошта бошад, вале ба он одат мекунад. Барои ин кӯдак куштани инсон, тирпарронӣ, оташ задани хона ва ғайраҳо як амри маъмулӣ мегардад. Таъсири чунин мағзшӯиҳо буд, ки ҳодисаҳои нангини бо дасти фарзанд куштани модар ба вуқӯъ пайваст.
Кӯдак аз замони таваллуд бо аввалин муҳити иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, ҳанӯз тасаввури мушаххасе аз некию бадӣ надорад ва вақте бо чунин хушунатҳо рӯ ба рӯ мешавад, дар ӯ низ хислатҳои баду иртиҷоӣ пайдо мегардад.
— Яъне ин кӯдакон аз ҷиҳати равонӣ осебпазиранд ва мафкураи онҳо дар муҳити солим ташаккул наёфтааст. Барои барқарор кардани ин ноқисиҳо чӣ гуна имкониятҳо мавҷуд аст?
— Бубинед, ки мағзи кӯдак чи гуна табдил меёбад, мафкураи бегона ба он ҷой мегирад, самти ба ташкилотҳои террористӣ мувофиқро қабул мекунад. Он чизе, ки дар мафкура ҳаст, ба воситаи амал воқеӣ мешавад. Амали инсон вобаста ба мафкура, ҷаҳонбинӣ, маърифати ботинии он роҳандозӣ мегардад.
Хушбахтона, солҳои охир теъдоди ҷавононе, ки фирефтаи мубаллиғони ДИИШ мешаванд, хеле коста шудааст. Ин натиҷаи кори хуби назарраси дастгоҳҳои таблиғотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз радиову телевизион ва матбуот сар карда, то дигар тадбирҳои таъсиррасон. Яъне тамоми ҷомеаи Тоҷикистон кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то ба натиҷаи дилхоҳ бирасанд.
Аммо баргардонидани кӯдакон мавзӯи дигар асту баргардонидани волидони онҳо, мавзӯи дигар. Калонсолон аз рӯи хости худашон, пайрави ДИИШ шуду ба он ҷо рафтаанд. Аммо кӯдаке, ки ақл надошт, ҳамроҳи падару модараш рафт ё дар ҳамон ҷо ба дунё омад. Дар ҳамон муҳит тарбия ёфт, дар мафкураи он кӯдаки бечора ба ғайр аз ҷангу куштору одамбадбинӣ ва гуруснагию дигар маҳрумиятҳо дигар чизе нест.
Муҳити имрӯзаи Тоҷикистон муҳити осоиштагӣ, серию пурӣ ва ваҳдати миллӣ аст. Дар он ҷо муҳит тамоман дигар аст – ҷанг, хунрезӣ, одам ба одам чун гург менигарад, умуман мафҳуми дӯстию рафоқат нест.
— Пас, чӣ бояд кард? Дар вақти кор бо ин кӯдакон кадом ҷиҳатҳо бояд ба назар гирифта шавад?
— Баъд аз овардани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада, бояд ҳатман ҳамроҳи онҳо равоншиносони кӯдак кор кунанд, то онҳоро аз вазъи таҳрифшудаи равонӣ бароранд. Бо майнаи сари инсон, бо мафкураи инсон кор кардан роҳи мушкил аст, вақт тақозо мекунад, ҳатто маҳорату донишу малакаро талаб мекунад. Барои ҳамин ҳам, вақте онҳоро баргардониданд, бояд бо калонсолон дар алоҳидагӣ ва бо кӯдаконе, ки дар урдугоҳҳо ва зиндонҳо буданд, дар алоҳидагӣ машғул шуд, зеро мафкураи онҳо аз мафкураи кӯдакони ин сарзамин тафовути зиёд дорад. Кӯдаконе, ки дар муҳити ҷангу хушунат тарбия ёфтаанд, эҳсоси хударзишмандиро низ аз даст додаанд.
Бо онҳо бояд мутахассисони варзида кор карда, ба мафкураашон идеяҳои инсондӯстӣ, сулҳу ваҳдат, ёрии ҳамдигарӣ ва меҳнатдӯстию ватандӯстиро талқин кунанд.
Хуб мешавад, агар заминаҳои фитрии кӯдаконро ба назар гирифта, арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ ва амалии онҳоро тақвият диҳанд. Албатта, ин раванд ҳам вақти зиёдеро тақозо мекунад. Итминони комил дорам, ки ин иқдоми нек самараи зиёдеро ба бор хоҳад овард.
— Барои суҳбати ҷолибатон ташаккур!
Воқеан, баргардонидани кӯдаконе, ки бо амри тақдир вориди марзи Ироқ гардидаанд, амали солеҳ ва миллатдӯстона мебошад. Аммо барои ба рӯҳияи ватандӯстию миллатсолорӣ баргардонидани ақоиди ин насли қурбонӣ кори саҳлу сода нахоҳад буд. Умед дорем, ки дар ин самт низ муваффақ хоҳем буд. Дар масъалаи ҷавонони пушаймоншуда бошад, назари ҳамаи коршиносон он аст, ки назорат бурдан аз болои онҳо ва дар заминаи он таъмини амнияти ҷамъиятӣ кори танҳо мақомоти қудратӣ нахоҳад буд ва ҳар яки моро мебояд дар ин раванд фаъол бошем. Вагарна ин ҷавонон метавонанд заминаи ифротгароӣ дар ҷомеа гарданд.

Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД,
АМИТ «Ховар»


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal