ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
17
сентябри
2020

Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ва ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳоти

ДУШАНБЕ, 15.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт ташриф оварданд.
 
 
Меҳмони воломақом — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Понғоз роҳбарияти ноҳия ва сокинон бо шукргузорӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан самимона истиқбол гирифтанд.
 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Понғоз бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-ро мавриди истифода қарор доданд.
 
50344851731 c8968e5563 oмактаб 36
 
Бинои нави таълимӣ барои 1440 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбари маорифпарвари мамлакат сохта шуда, бо муосиртарин аёнияти таълимӣ таъмин мебошад.
 
Иншоот сеошёна буда, дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби бародарон — соҳибкорон Махсудҷоновҳо сохта шудааст.
 
Бинои қаблии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 солҳои 60-уми асри гузашта сохта шуда буд.
 
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 моҳи апрели соли 2019 оғоз ёфта буд ва инак дар рӯзҳои таҷлил аз 29-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи беназири давлату Ҳукумати мамлакат барои хонандагони ин деҳоти дурдасти мамлакат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
 
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои таълимӣ мавҷуд мебошад.
 
Хурсандии омӯзгорон ва хонандагони ин даргоҳи илму маърифат аз он буд, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ва саҳми соҳибкорони ватанӣ соҳиби мактаби замонавӣ шуданд.
 
50345008082 6b30f4ef4b oмактаб 36
 
Тавре иттилоъ дода шуд, ин муассисаи нави таълимӣ дар ҳудуди ноҳияи Ашт ягона ба ҳисоб меравад.
 
Масоҳати умумии қитъаи замини муассиса 1,48 гектар буда, бинои таълимӣ дар 928 метри мураббаъ сохта шудааст.
 
Дар таълимгоҳ барои илмомӯзии хонандагон муосиртарин шароит фароҳам оварда шудааст.
 
Мактаб аз 27 синфхона, аз ҷумла озмоишгоҳҳои фаннӣ ва    технологияи иттилоотӣ, 9 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ барои 130 нафар, китобхона бо 8 ҳазор адабиёти гуногуни дарсию бадеӣ, толори хониш бо 30 ҷой ва ошхона иборат мебошад.
 
Дар ҳама синфхона, утокҳои корӣ, роҳрав ва саҳни бинои муассисаи таълимӣ камераҳои назоратӣ насб шудаанд.
 
Бинои таълимгоҳ бо системаи гармидиҳӣ таъмин гардидааст.
 
Дар баробари корҳои сохтмонӣ дар атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуда, роҳравҳои саҳни мактаб сафолакпӯш гардидаанд.
 
Дар ин муассисаи таълимӣ 43 нафар омӯзгорон ба хонандагон дарс мегӯянд.
 
Ҳамзамон муассиса дорои толори варзишӣ мебошад.
 
Барои ҳунаромӯзии хонандагон дар муассиса маҳфилҳои рӯзгордорӣ, аз ҷумла омода кардани хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва рассомӣ ташкил карда шудаанд.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.
 
Бародарон Махсудҷоновҳо нақша доранд, ки дар назди муассиса дар масоҳати 50 гектар хоҷагии ёрирасон ташкил намоянд.
 
Нақши бародарон дар дигар корҳои ободонии деҳоти Понғоз, аз ҷумла васеъ ва мумфарш кардани роҳи мошингард миёни шаҳраки Шайдон ва деҳоти Понғоз назаррас аст.
 
Дар натиҷаи дастгириву ғамхориҳои давлату Ҳукумати мамлакат ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ то ба имрӯз садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд гардида, таъмир ва ба шароити муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои таълимии мавҷуда бомаром идома дорад.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal