ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
1
декабри
2020

Мизи мудаввари мақомоти ВҲИ ҶТ дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҳамасола дар баробари дигар давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҳуқуқи инсонро таҷлил менамояд. Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти ВҲИ ҶТ ҳамасола силсилачорабиниҳое ба нақша гирифта мешаванд, ки муддати як ҳафта идома ёфта, рӯзи 10-декабр ҷамъбаст карда мешаванд.
 
Ҳамасола 3-декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон ҷашн гирифта мешавад. Тибқи қарори Ассамблеяи генералии СММ №47/3 аз 14 октябри соли 1992 ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон пешбурди ҳуқуқи маъюбон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, инчунин ҷалб намудани таваҷҷуҳи тамоми қишрҳои ҷомеа ба мушкилоти маъюбон мебошад. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта тадбирҳои дахлдор андешида шуда, амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонид, ки иқдоми мазкур дар раванди бунёди ҷомеаи таҳаммулпазир ва аз монеаҳои иҷтимоӣ озод қадами муҳим мебошад.   
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳури Тоҷикистон тибқи Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018-2020 мусоидат ба таъмини ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогирро самти афзалиятноки фаъолияти худ арзёбӣ намуда, соли ҷорӣ дар ин самт як қатор тадбирҳоро андешид. Аз ҷумла, дар доираи амалисозии Стратегияи зикршуда аз ҷониби ВҲК ҶТ  ба 5 минтақаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Сангвор, шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бӯстон ва Конибодоми вилояти Суғд сафарҳои корӣ анҷом дода шуданд.
Сафарҳои кории мазкур бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар маҳалҳо, қабули шаҳрвандон дар маҳалҳо, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақомоти ВҲИ ҶТ анҷом дода шуданд.
Инчунин соли 2020 аз ҷониби гурӯҳҳои кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба саломатӣ дар 3 марказҳои саломатӣ, ҷиҳати муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таҳсил дар 2 муассисаи томактабӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ ва 3 мактаб-интернатҳои ҷумҳурӣ мониторингҳо гузаронида шуданд. 
Ба ҳайати гурӯҳи мониторингӣ намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятии “Ҳаёт дар оила”, “Рушди инклюзия” ва “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” шомил гардида, дар фаъолияти самараноки гурӯҳи корӣ ҳиссагузорӣ намуданд.
 
1 дек20
 
 Натиҷаҳои ҷамъбастии сафарҳои кории мазкур ва аз ҷумла мониторинги фаъолияти муассисаҳои номбаршуда рӯзи 1 декабри соли 2020 дар доираи таҷлили Ҳафтаи ҳуқуқи инсон дар мизи мудаввари мақомоти ВҲИ ҶТ бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  вазоратҳои адлия, корҳои дохилӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони ватанӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуданд. 
Аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда шуданд.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal