ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
12
январи
2021

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Фестивал-озмуни «Рассоми наврас-2020»-ро ҷамъбаст намуд

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси мактабҳои рассомии бачагона ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рассоми наврас» ҷамъбаст гардид.

 

Муовини аввали Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён зимни ифтитоҳи намоиш иброз намуд, ки Фестивал-озмун бо мақсади тарғибу ташвиқ ва дастгирии истеъдодҳои наврас дар соҳаи санъати тасвирӣ, инкишофи шавқу завқи наврасон дар ин соҳаҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон байни наврасони лаёқатманд, инкишоф додани малакаҳои касбию ҳунарии онҳо ва омода намудани истеъдодҳои ҷавон ба озмуну фестивалҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Фестивал-озмун барои инъикоси анъанаҳои мардумӣ дар офаридани осори ҳунарҳои мардумӣ ба инкишофи ҳисси худшиносӣ, ватандориву ифтихори миллӣ, инчунин такмили маҳорати ҷавондухтарону ҷавонписарон мусоидат мекунад.

Фестивал-озмуни мазкур аз соли 2016 то инҷониб аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он доираи васеи наврасон иштирок намуда, соҳиби мукофот мегарданд. Ин озмун наврасонро дар ҷодаи касби интихобнамудаашон ҳавасманд мегардонад.

Тавре директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонзода дар суҳбат бо мо зикр намуд, даври аввали Фестивал-озмуни мазкур моҳи ноябри соли 2020 доир гардид. Дар он аз 9 муассисаи зертобеи Вазорати фарҳанги мамлакат 100 нафар наврасон бо пешниҳоди 300 кори эҷодӣ иштирок намуданд. Тибқи хулосаи аъзои ҳакамон, имрӯз 31 нафар ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Иштирокчиёни Фестивал-озмун сол то сол зиёд гардида, наврасон талош менамоянд, ки расмҳои беҳтаринро ба озмун пешниҳод намоянд. Иштирок дар чунин озмунҳо ба наврасон барои дохил шудан ба коллеҷу муассисаҳои рассомӣ имконияти хуб фароҳам меорад.

Ба гуфти номбурда, дар Фестивал-озмун наврасони аз 5 то 18-сола иштирок карда метавонанд. Инчунин аз эҷодкорон санъати тасвирӣ ва амалӣ талаб карда мешавад. Ба санъати амалӣ ҳунарҳои мардумии заргарӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, бофандагӣ ва наққошӣ дохил мешаванд.

Хонандаи Муассисаи давлатии миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи Миратулло Атоев Манижаи Маҳсудинзода дар озмуни мазкур ҷойи сеюмро ишғол намуда, дар суҳбат бо мо зикр дошт, ки нақша дорад ба озмунҳои минбаъда расмҳои зеботар пешниҳод намуда, сазовори ҷойи аввал гардад. «Расм кашиданро ниҳоят дӯст медорам ва ҳамеша талош меварзам то дар озмунҳо иштирок намуда, ҳунари дастии худро ба тамошобинон пешкаш намоям»,-гуфт Манижа.

Дар интиҳои Фестивал-озмун ғолибони ҷойи якум, дуюм ва сеюм бо Диплом ва туҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Дигар иштирокчиёни озмуни рассомони наврас бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

20210112 095350

 

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal