ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
23
майи
2026

Санаи 22 майи соли 2026 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар барг

Санаи 22 майи соли 2026 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарғиби сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ миёни насли наврасу ҷавон доир карда шуд.

Розиқов Сангинмурод Абдуллоевич - сардори бахши таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии политехникии шаҳри Душанбе» чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик гуфт. Номбурда зимни суханронии худ аз нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва пешрафти давлат ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи дурахшони мамлакат мебошанд.

Ҳамчунин, Низомов А.Б. - муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамаи ҷавонони кишвар, бахусус донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, бахту саодат, иродаи мустаҳкам ва дастовардҳои назаррас орзу намуд.

Зимни суханронӣ Низомов А.Б. вобаста ба дастгириҳои пайваста ва саҳми арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ибрози назар намуда, таъкид кард, ки қабул ва амалисозии стратегияву барномаҳои давлатӣ оид ба ҷавонон далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба насли ҷавон мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ Низомов А.Б. дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷавонон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои кӯдакон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, оид ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, таълиму тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ҷавонону кӯдакон андешаронӣ кард.

Инчунин, Бобоҷонзода Ҳомид Туйчи - сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол» баромад намуда, саҳми ҷавононро дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои матраҳгардида мубодилаи афкор намуда, доир ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ ва иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа фикру пешниҳодҳои худро баён карданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Розиқов Сангинмурод Абдуллоевич бори дигар ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба ҳамаи ҷавонони кишвар хониши хуб, муваффақиятҳои беназир, ҳисси баланди миллӣ, сулҳу субот ва саодати рӯзгор орзу намуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal