ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
11
январи
2021

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мураббияҳои муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева ва  муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Шаҳло Неъматзода ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» гардиданд.

9
январи
2021

ДУШАНБЕ, 09.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 15 декабри соли 2020 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи баланди ташкилӣ ва маърифатӣ доир шуд. Озмуни мазкурро метавон мактаби худшиносӣ унвон кард. Зеро он имрӯз миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа ҳаводорони зиёд пайдо намудааст. Дар озмун гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа – хонандагони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзгорон, ходимони муассисаҳои фарҳангӣ ва ғайра хеле фаъол буданд.

7
январи
2021

ДУШАНБЕ, 07.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар фазои тантанавӣ маросими қадрдонии ғолибони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва дигар иштирокчиён бо Ифтихорнома ва мукофоти пулии раиси вилоят доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

7
январи
2021

ДУШАНБЕ, 06.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе  озмунҳои шаҳрии  «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол», мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» ва  хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин  ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» дониста шуданд.

5
январи
2021

ДУШАНБЕ, 04.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пойтахт Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва Олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal