МЕНЮ
Китоб омили бунёдии ташаккули тафаккури инсон ва тамаддун
ДУШАНБЕ, 10.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Мутолиаи китоб яке аз воситаҳои ғанӣ гардидани ҳофизамебошад. Маҳз тавассути гирифтани ахборва хондани китоб инсон дар бораи воқеа ва рўйдодҳои олам маълумот пайдо карда,доираи ҷаҳонбинии хешро васеъ мегардонад. Дар олам миллатҳое ҳастанд, ки аксари мутлақи афроди онҳо ба китобхонӣ машғул шуда, ин амали шоистаро ба фарзандон аз овони кўдакӣ меомўзонанд. Барои ин қабил миллатҳокитоб ғизои рўҳ, роҳати ҷон ва манбаи илҳом мебошад.
|
11
июни
2020
|
ДУШАНБЕ, 11.06.2020. /АМИТ «ХОВАР»/. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти банаворгирии дарсҳои видеоӣ-телевизионӣ барои синфҳои 9 ва 11, бо мақсади пурра азхуд шудани барномаи таълимӣ, инчунин омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестӣ кор бурда истодааст. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои 500 нафар кӯдакони ятим кумакпулии ҳармоҳа таъин карда мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази иттилоотии Ҷамъият.
ДУШАНБЕ, 02.06.2020. /АМИТ Ховар/. Охири моҳи майи соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вазорат намунаи электронии 224 адад китоби дарсиву бадеӣ дар шакли 3D ҷой карда шуд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
|
2
июни
2020
|
Рӯзи 1 июн дар саросари ҷаҳон Иди байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади табрики кӯдакон-тарбиятгирандагони Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шиносоӣ бо вазъи ҳуқуқи онҳо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳабибуллозода Раҷабмо Ҳабибулло рӯзи 1 июни соли ҷорӣ аз муассисаи мазкур боздид ба амал овард.






