
ш. Душанбе. 01.06.2018.
Имрӯз ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд.
Тадбирҳои идона ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз соати 7-и субҳ дар Муссисаи давлатии «Аҳорун» бо баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ оғоз гардиданд.
22
майи
2018
|

Яке аз санадҳои муҳими байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 онро ба тасвиб расонид. Санади мазкур тамоми ҳуқуқу озодиҳоро, ки барои таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, рушду инкишофи ҳамаҷонибаи ӯ заруранд, кафолат дода, уҳдадориҳои давлатҳои аъзоро бобати таъмини принсипу меъёрҳои дар он зикргардида пешбинӣ менамояд.
11
майи
2018
|
Рӯзи 11 майи соли 2018 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар МТИ №83 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар самти ҳуқуқ ба таҳсил санҷиш гузаронида шуд.

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакони дорои маъюбият ба ҳифзи саломатӣ рӯзи 10 майи соли 2018 аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии солимии кӯдакон санҷиш гузаронида шуд.
Рӯзи 8 майи соли 2018 тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи дастрасии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсили босифат дар муҳити фарогир, ки самти афзалиятноки фаъолияти ВҲК мебошад, дар МТМУ №28 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак санҷиш гузаронида шуд.