Рӯзҳои 7-8 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон конференсияи минтақавӣ дар мавзӯи ҳуқуқ ба муқаррар намудани қобилияти ҳуқуқдорӣ ва пешгирии бешаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ. иштирок намуд.

Дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии неруҳои ҳарбии Исроил ба Фаластин ва Лубнон соли 1982 сокинони бегуноҳ, аз ҷумла, кӯдакони зиёд ба ҳалокат расиданд. Барои пос доштани хотираи кӯдакони қурбонгашта 4 июн бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакони бегуноҳ – қурбонии хушунат эълон кардид, ки шурӯъ аз соли 1983 инҷониб таҷлил карда мешавад.
4
июни
2018
|

Имрӯз волидайни тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили истиқоматии нави худ омаданд.

Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 29 май то 2 июни соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шуъбаи ташкилоти байналмилалии “Ҳамсоягии нек” дар Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 2000 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хисрав ва Рашт чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фарҳангиву маърифатӣ анҷом доданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода рўзи 1-июни соли 2018 аз «Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе”-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.