Рӯзи 11 июли соли 2017 Раҷабмо Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) барои кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Афшан Хан ва Роҳбари Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Лучия Элмиро ба ҳузур пазируфт.
|
10
июли
2017
|
07 июли соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Муаррифии лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” баргузор гардид.
Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак рӯзи 1 июни соли 2017 Ҳабибулозода Раҷабмо — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Имрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот дар мавзӯи «Ҷавонон ва соли ҷавонон» мизи мудаввар баргузор гардид.






