|
3
октябри
2017
|
Тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 25-28 сентябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати А. Содиқов – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак, П. Маҷидов – сармутахассис ва С. Раҳимов – мутахассиси пешбари ҳамин Шуъба дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд.
Санаи 08 сентябри соли 2017 Раҷабмо Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари нави Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.
|
7
сентябри
2017
|
Мусоидат ба дастрасии кӯдакон ба таҳсил иииииива риояи ҳуқуқҳои онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмин намудани иҷрои самти мазкур тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2017 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ дар МТМУ №54 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд.
|
4
сентябри
2017
|
Ҳамасола дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзхои ид» дар саросари Ҷумхурии соҳибистиқлоламон 1 сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш” ҷашн гирифта мешавад ва аввалин соати дарсӣ Дарси Сулҳ номида мешавад, зеро пешрафти ҳар як давлат аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.






