ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Июл 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31 1 2 3 4

girl boy3

1
июни
2018

Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе

ш. Душанбе. 01.06.2018.
Имрӯз ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд.
Тадбирҳои идона ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз соати 7-и субҳ дар Муссисаи давлатии «Аҳорун» бо баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ оғоз гардиданд.

Дар доираи чорабиниҳо дар майдони атрофи Муассисаи давлатии «Аҳорун» намоиши ҳунару эҷод, мусаввараҳои беҳтарин ва дастовардҳои кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе шаҳри орзуҳост» баргузор гардид.

Дар ин намоиш, кӯдакону наврасони соҳибистеъдоди пойтахт маҳсули эҷод ва тахаюлоти тасвирии худро ба маъраз гузоштанд, ки барои ҳар як нафар иштирокчиии чорабинӣ ҷолибу хотирмон ба назар мерасид.

Иштирокчиёни чорабиниро дар назди даромадгоҳ ҳунармандони театри бачагонаи «Лӯхтак» бо навои мусиқии мутантан ва рақсу бозиҳои шӯху дилхӯшкунанда истиқбол гирифтанд, ки барои ҳар як нафар хурдсол хурсандиву хушҳолии зиёд овард.

Бо тамошо кардани намоиши расму мусаввараҳо, кӯдакон дар гӯшаҳои гуногун дар озмуну бозӣ ва викторинаву аксияҳо, ки ба ин муносибат ташкил гардида буданд иштирок карданд.

1june 2

Аз ҷумла, дар саҳни МД «Аҳорун» озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Мо кӯдакони хушбахтем» ташкил гардид, ки дар он кӯдакону наврасон аз чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ширкат варзида, барои ба даст овардани ғолибият беҳтарин расмҳои кашидаи худро пешниҳод намуданд.

Аз ҷумлаи тадбирҳои дигар ба ин мунсоибат викторинаҳои маърифатӣ ва бозиву озмунҳои гуногуни шавқовар буданд, ки бевосита аз ҷониби иштирокдорон ташкил гардида, кӯдакону наврасони зиёд бо шавқи баланд дар онҳо иштирок карданд.

Дар баробари чорабиниҳои маърифатию фароғатӣ, дар саҳни МД «Аҳорун» ҳамчунин аксияҳои тарғиботии нозирони навраси ҳаракати роҳ ва дастаҳои ихтиёрии наврасон «Патрулони сабз» гузаронида шуданд. Дар аксия патрулони сабз» ба ҳар нафар иштирокчии чорабинӣ варақаҳои иттилоотиро доир ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳифзу нигаҳдории муҳити зист тақсим намуданд.

Пас аз сайру гашт ва бозию дилхӯшии кӯдакон, дар толори МД «Аҳорун» қисмати асосии чорабинӣ, бо баргузории барномаи фарҳангӣ идома ёфт. Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ба иштирокчиён ва дар симои онҳо ба тамоми кӯдакону наврасони пойтахт қироат намуд.

1june 3

Аз ҷумла гуфта шуд, ки хифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакону наврасон, таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва дар маҷмӯъ имрӯзу ояндаи ҳар як нафари онҳо таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Душанбе тадбирҳои гуногун роҳандозӣ карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхории ҳукумати мамлакат кӯдакону наврасони кишвар, аз ҷумла шаҳри Душанбе дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Сипас аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ ба ғолибони фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт» ва ғолибону иштирокчиёни озмуни шаҳрии «Хонандаи соли - 2018» диплому ифтихорнома, ҷом ва тӯҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» бо иштироки таълимгирандагони МД «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе, ғолибони фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси шаҳри Душанбе «Шукуфаҳои пойтахт», хонандагони мактабҳои мусиқӣ ва ансамблҳои бачагонаи ҳунарӣ, ки аз суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин анҷомбахши тадбирҳои идона ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи қудакон дар МД «Аҳорун» буд.

1june 4

Мавриди зикр мебошад, ки дар тантанаҳои имрӯза дар МД «Аҳорун» 1600 нафар кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва мактаб-интернатҳои пойтахт иштирок намуданд ва ҳамаи онҳо бо туҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Душанбе сарфароз гардиданд.

Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон имрӯз ҳамчунин тадбирҳои идона дар мактаб-интернатҳои № 1, 2, 3 ва хонаи кӯдакони синни томактабии №4, Хонаи кӯдакони №1 ва 2-и шаҳри Душанбе гузаронида шуда, намояндагони мақомоти роҳбарии шаҳр ба тарбиятгирандагони муассисаҳои таълимии мазкур тӯҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим карданд.

Чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки хонандагон ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои пойтахт ва варзишгарони наврас дар мактаб-интернати рақами 1 шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар вазъияти ботантана намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба бачаҳо туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро расонданд.

Бо иштироки варзишгарони мактабҳои варзишии пойтахт мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронда шуданд.
Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи калони ҳунарии марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон ҷамъбаст гардид.

Аз сомонаи: http://dushanbe.tj/news/1658/


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal