ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
25
апрели
2019

ҲАМКОРИҲОИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ВА ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

Дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мониторинги фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ сол аз сол тақвият меёбанд.

Дар ин раванд ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил рӯзи 25 апрели соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз ҷониби гурӯҳи кории ВҲК ҶТ дар ҳайати А. Содиқов – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ ва С. Ёрмаҳмадов – корманди раёсати ҳуқуқи кӯдаки ВМИ ҶТ санҷиш гузаронида шуд.

Зимни санҷиш гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассиса аз синфхонаҳо, кабинетҳои фаннӣ, ошхона, њуљраи тиббӣ, толори варзишї ва майдончаи варзишӣ дидан намуда, бо омӯзгорон, корманди тиб, ошпазҳо ва хонандагон суҳбату пурсишҳо гузаронид. Гурӯҳи корӣ ба ҳолати санитарию гигиении дохил ва зоҳири муассиса, мутобиқати инфрасохтори он ба эҳтиёҷоти кӯдакони дорои маъюбият, шароити таълиму тарбия, омӯзиши технологияҳои компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ, ҳифзи саломатии кӯдакон, таъминот бо хӯроки босифат ва ғизонок, муносибат бо кӯдакон ва монанди инҳо аҳамияти хосса зоҳир намуд.

Пас аз анҷоми санҷиш дар маҷлисгоҳи калони муассисаи таълимӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ вохӯрии пурмуҳтаво гузаронида шуд. Инчунин аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассиса ва омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” суҳбатҳои ҷудогона доир намуда, натиҷаҳои пешакии санҷишро баён ва ҷиҳати тақвият додани фаъолият дар таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдак тавсияҳои дахлдорро пешниҳод намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасмим гирифтааст, ки аз натиҷаи мониторингҳои дар нимсолаи аввал гузаронидашуда маводи таҳлилӣ оид ба вазъи таълиму тарбияи кӯдакон дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷиҳати беҳдошти ҳуқуқи дастрасии кӯдакон ба таҳсил тавсияҳои худро ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намояд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal