ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
15
апрели
2019

МОНИТОРИНГИ ФАЪОЛИЯТИ КӮДАКИСТОНҲО ДАР НОҲИЯҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 мониторинги фаъолияти як қатор кӯдакистонҳо гузаронида шуд.

Аз ҷумла, чунин мониторингҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ рӯзи 29 март дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №4 н. И. Сомонӣ, рӯзи 5 апрел дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №96 н. Сино, рӯзи 9 апрел дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №1 ноҳияи Шоҳмансур ва рӯзи 10 апрел дар Кӯдакистони №72 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.

Зимни санҷишҳо дар муассисаҳои томактабӣ пеш аз ҳама ба ҳолати санитарию гигиении дохил ва зоҳири муассиса, мутобиқати инфрасохтори он ба эҳтиёҷоти кӯдакони дорои маъюбият, шароити таълиму тарбия, омӯзиши забонҳо, ҳифзи саломатии кӯдакон, таъминот бо хӯроки босифат ва ғизонок, муносибат бо кӯдакон ва монанди инҳо аҳамияти хосса дода мешавад.

Дар ин раванд гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаҳо аз синфхонаҳо, ҳуҷраҳои хоб, ошхона, анбори маводҳои хӯрока, ҳуҷраи тиббӣ, толори варзишӣ, майдончаҳои варзишӣ дидан намуда, бо мураббиён, ҳамшираи тиб, ошпазҳо ва худи кӯдакон суҳбату пурсишҳо мегузаронанд.

kudakiston2

Қобили зикр аст, ки дар ҳамаи муассисаҳои дар боло зикршуда кӯдакон аз муносибати мураббиён бо онҳо, таъминоти кофии хӯрока, муносибат байни якдигар, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, шароит ва хизматрасонӣ дар муассисаи таълимӣ изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Гуфтаҳои кӯдакон аз он шаҳодат медиҳад, ки роҳбарият ва мураббиён корҳои таълиму тарбияро дар байни кўдакон хуб ба роҳ мондаанд.

Ҳар дафъа пас аз анҷоми санҷиш аъзои гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассисаҳо суҳбатҳои ҷудогона доир намуда, натиҷаҳои пешакии санҷишро баён ва ҷиҳати тақвият додани фаъолият дар таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдак тавсияҳои дахлдорро пешниҳод намуданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасмим гирифтааст, ки дар Маърӯзаи ояндаи худ масъалаи ҳуқуқи дастрасии кӯдаконро ба таҳсилоти томактабӣ ва вазъи кӯдакон дар чунин муассисаҳоро мавриди баррасӣ қарор диҳад.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal