ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
4
октябри
2019

Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Рашт ва Лахш

Сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияҳои Рашт ва Лахш

Тибқи Нақшаи корӣ ва барои тақвияти ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмо аз 30 сентябр то 3 октябри соли 2019 дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш сафари корӣ  доштанд.

Сафари хизматии мазкур дар доираи амалисозии банди 6 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагӣ ба он барои солҳои 2018-2022 ва  Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 бо мақсади баланд намудани огоҳии ҷомеа оид ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияҳои Рашт ва Лахш бо ниҳоди ВҲК ҶТ анҷом дода шуд.

Дар ин раванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмо бо муовинони соҳавии раисони ноҳияҳо мулоқотҳои судманд гузаронида, бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳо ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Ҷамоатҳои деҳоти Ғарми ноҳияи Рашт ва Ҷамоати деҳоти Лахши ноҳияи Лашт бо намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО вохӯрданд.

Зимни вохӯриҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти зикршуда оид ба сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он,  вазифа ва нақши  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи зўроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кўдак ба муассисаи будубоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.20191002 115652

Иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ибрози назар карданд. Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмо ба иштирокчиёни вохӯриҳо маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2018, инчунин брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” дастрас карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

         Инчунин бо мақсади тақвият додани фаъолияти комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак зимни вохӯриҳо дар маҳалҳо бо раисон ва котибони комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили муноқишаҳои гурӯҳӣ, нашъамандиву майзадагӣ, шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, фарњанги оиладорї ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш рӯзҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти 12 нафар шаҳрвандон мусоидат карда шуд.

Дар доираи сафар аз ҷониби гурӯҳи корӣ мониторинги вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар чанде аз муассисаҳои кӯдаконаи ноҳияҳои Рашт ва Лахш, аз ҷумла санҷиши Муассисаи давлатии таълимии мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, муассисаи таҳсилоти миёнаи №8, маркази саломатии ноҳияи Рашт ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи №14 ва №1, маркази саломатии ноҳияи Лахш гузаронида шуд.

 лахш 2

Қобили қайд аст, ки чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Лахш, Қабулгоҳи ҷамъиятии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ноҳияи Рашт амалӣ карда шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal