ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
27
декабри
2019

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Алянси авруосиёии омбудсменҳо гардид

Рӯзҳои 16-19 декабри соли ҷорӣ бо даъвати Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода ва сардори шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон С.Қодирӣ барои иштирок дар Конфренесияи III байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Мушкилоти ҳимояи ҳуқуқи инсон дар қаламрави Авруосиё: табодули таҷрибаи пешрафтаи омбудсменҳо” ва ҷаласаи Алянси авруосиёии омбудсменҳо ба шаҳри Москва сафари хизматӣ намуданд.

 

фото альянс

Конференсия мазкур соли сеюм аст, ки баргузор шуда, дар он масъалаҳои муҳими ҳуқуқи инсон баррасӣ мегарданд.

Дар кори конференсия роҳбарият ва намояндагони ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Арманистон, Қазоқистон, Муғулистон, Озарбойҷон, Туркия, Эрон, Сербия, Корея, Камбоҷа, Индонезия, Болгария, Ӯзбекистон, Раиси Ассамблеяи Парламентии Шӯрои Аврупо, Директори Дафтар оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқи инсон, васоити ахбори омма ва дигарон иштирок намуданд.

Ҳамчунин барои иштирокчиёни конференсия намояндагони расмӣ аз номи Президенти ФР, Раисони Шӯрои Федератсия ва Думаи давлатии ФР ва Вазири корҳои хориҷии ФР паём расониданд.

Иштирокчиёни конференсия масъалаҳои равандҳои ҳамгироӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, амалисозии механизмҳои мониторингии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон, гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандро дар ҳудуди авруосиё баррасӣ намуданд.

Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода оид ба масъалаҳои амалисозии механизмҳои мониторингӣ дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, фаъолияти Гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маърӯза намуданд.

Ҳамчунин дар ҳошияи Конференсияи мазкур санаи 18-уми декабр ҷаласаи навбатии Алянси авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид.

Зимни чорабинӣ ҳамкориҳои муштарак дар самти ҳуқуқи инсон, нақшаи кори Алянс дар соли 2020, ташкили қабули якҷояи муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён, ки дар ҳудуди кишварҳои Алянс таҳсил менамоянд, таъсиси котиботи Алянс, роҳандозии сомонаи расмӣ, махзани маълумоти аъзоёни Алянс ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Омбудсмени Сербия ба узвияти Алянс шомил гардиданд.

Аъзоёни Алянс — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ФР Т.Москалкова, Ҳимоячии ҳуқуқи инсони Арманистон А.Татоян, Раиси Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Муғулистон Б.Жамсран, Нозири генералии минтақаи Форси ҶИЭ К.Акрамӣ, ва Ҳақиқатчии (Омбудсмени) Қирғизистон Т.Мамитов узвияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Алянс ҷонибдорӣ намуданд.

Пас аз маросими баимзорасонии Протокол оид ба ҳамроҳшавии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти Алянси авруосиёии омбудсменҳо Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода суханронӣ намуда, аҳамияти узвият дар Алянсро ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо таъкид намуданд.

альянс 2

Лозим ба ёдоварист, ки Алянси авруосиёии омбудсменҳо 5 декабри соли 2017 таъсис дода шудааст. Ба Алянси мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия, Ҳимоятчии ҳуқуқи инсони Арманистон, Ҳақиқатчии (Омбудсмени) Ҷумҳурии Қирғизистон, Нозироти генералии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Комиссияи миллии ҳуқуқи инсони Муғулистон аъзо мебошанд. Ҳамчунин дар Алянс Омбудсмени Босния ва Гертсоговина ба ҳайси нозир иштирок мекунад.

Алянси мазкур бо мақсади мукаммалсозии механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои аҳолии кишварҳои аъзо таъсис дода шуда, кишварҳои ҳудуди Авруосиё метавонанд дар он аъзо бошанд ё ҳамчун нозир иштирок намоянд.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти Алянс асосан аз:

  • муайян намудани масъалаҳои мушкилоти ҳифзи ҳуқуқи инсон дар фазои Авруосиё;
  • ташкили гурӯҳҳои муштараки корӣ вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои категорияи алоҳидаи шаҳрвандон, аз қабили муҳоҷирони меҳнатӣ, маъюбон, занону кӯдакон, қабули муштараки шаҳрвандон, ташкил ва баргузор намудани семинару конференсияҳо вобаста ба масоили асосии ҳуқуқи инсон;
  • гузаронидани мониторингҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои категорияи алоҳидаи шаҳрвандон;
  • мубодилаи таҷриба ва иттилоот бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои вайроншудаи шаҳрвандон ва ғайраҳо иборат мебошад.

Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal