ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
27
феврали
2020

Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ 20-сола шуд

ДУШАНБЕ, 26.02.2020. /АМИТ «Ховар»/.Имрӯз ба муносибати 20-солагии рӯзи таъсиси Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ маросими гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ сурат гирифт. Ҳамчунин дар ин макони ифтихорӣ  ва рӯзи хотирмон беш аз 150 нафар хонандагони фаъоли пойтахт дар вазъияти тантанавӣ баъди қабули  савганд  ба сафи Созмони мазкур  аъзо гардиданд.
 Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар маросими узвият ба сафи созмони хонандагони шаҳр намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маориф, шуъбаҳои маорифи пойтахт ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр  иштирок намуданд. Чун анъана гарданбандҳои аъзои нави Созмони хонандагонро  меҳмонон ва собиқадорони соҳаи маориф бастанд.
Имрӯз бахшида ба 20-солагии рӯзи таъсиси Созмони хонандагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоили Сомонӣ дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе»  ҷамъомади тантанавӣ низ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки Созмони талабагони шаҳри Душанбе ба номи Исмоли Сомонӣ шурӯъ аз соли 2000 дар пойтахт ба хотири пешбурди корҳои тарбиявӣ ва ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр  ба кори худидора ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии кӯдакону наврасон фаъолият менамояд.
Мақсадҳои оинномавии Созмони мазкур тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, парвариши инсони комил, ҷалби хонандагон ба кори худидора, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва ташкили чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии дорои хусусияти ватандӯстона барои насли наврас мебошад.
Созмони  мазкур бо қарори мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 1999 дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ташкили кор, идора ва назорати фаъолияти рӯзмарраи он ба зиммаи муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ гузошта шудааст.
Дар шаҳри Душанбе ин вазифаро Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” иҷро намуда, Шӯрои шаҳрии Созмони талабагони пойтахт низ дар зиммаи он фаъолият менамояд. Фаъолияти созмон асосан дар муассисаҳои таълимӣ ба воситаи “Ахтарон” (хонандагони синфҳои 1-4), “Ворисони Сомониён” (хонандагони синфҳои 5-9), ва “Сомониён” (хонандагони синфҳои 10-11) амалӣ гардида, то ҳол шумораи умумии аъзои он дар пойтахт зиёда аз 120 000 нафарро ташкил медиҳад.
Дар тӯли фаъолияти бистсола Созмони талабагон дар шаҳри Душанбе тавонист, ки ба ташкилоти ягонаи муттаҳидкунандаи кӯдакону наврасон табдил ёбад.
Дар ин давра тамоми рукнҳои мустақилияти он муқаррар ва қабул гардиданд. Ҳоло Созмон дорои рамз, байрақ, суруд, галстук  ва нишони сарисинагии узвият  буда, иттиҳодияти муваффақу  барӯманди мактаббачагони пойтахт гардидааст.
 Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

соз хон 1
 
соз хон 2
 
соз хон 3
 
созхон4
 
созхон5

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal