ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
1
октябри
2020

Сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор

Рӯзи 1 октябри соли ҷорӣ зимни сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р. бо мақсади шиносоӣ аз рафти омодагӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавзаи интихоботии №12 ва участкаи интихоботии №13 оид ба интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Сангвор ташриф оварданд.
20201001 094356
 
Фаъолияти ҳавза ва участкаи  интихоботӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст. Аз сӯҳбат бо раиси Ҳавзаи интихоботии №12 Шарипов Саидбек маълум гардид, ки тибқи маълумоти оморӣ аҳолии ноҳия 23875 нафарро ташкил дода, аз он ба ҳолати 26 августи соли ҷорӣ 12608 нафар интихобкунанда мебошад. Аз ин шумора 208 нафар бори аввал овоз медиҳанд.
20201001 094424
 
 
Мушоҳидаҳои гуруҳи корӣ нишон доданд, ки дар ҳавза ва участкаи интихоботии зикргардида шароити мусоид барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани интихобот муҳайё мебошад. Аз ҷумла, ҳавза ва участкаи интихоботӣ бо ҳуҷраҳо ва қуттиҳои овоздиҳӣ таъмин буда, дар он нуқтаи тиббӣ ва хонаи модару кӯдак ташкил карда шудааст. Барои 188 нафар шахсони маъюбиятдошта, ки дар интихобот иштирок менамоянд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда,барои онҳое, ки имконияти ба участкаи интихоботӣ омаданро надоранд, қуттии сайёр ташкил карда шудааст.
 
20201001 094452
 
Бо мақсади иштироки фаъоли интихобкунандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ ва огоҳии шаҳрвандон оид ба интихобот дар кӯчаву маҳалҳои ноҳия шиору овезаҳои тарғиботӣ насб шудаанд.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal