ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
20
ноябри
2020

ТАБРИКОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ КӮДАКОН

 
Ҳамкасбони гиромӣ, дӯстон ва волидони азиз!
 
Шуморо самимона ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдакон табрик менамоям.
Ин ҷашни дурахшон ғамхорӣ ва муҳаббатро нисбат ба шаҳрвандони хурдсол ифода мекунад. Кӯдакон сарвати бебаҳои мо мебошанд. Барои онҳо мо кор ва зиндагӣ мекунем, нақшаҳо тартиб медиҳем ва ба хушбахтӣ умед мебандем. Барои амалӣ шудани ин умедҳо мо калонсолон бояд кӯдаконро таҳти ғамхорӣ ва ҳимоя қарор дода, муносибати эҳтиромонаи онҳоро ба мероси гузашта ташаккул диҳем, меҳрубонӣ ва инсондӯстиро ба онҳо омӯзем. Ин вазифаи масъули ҳар яки мо ва тамоми ҷомеа аст.
 
дети
 
Фарзандони мо ояндаи Ватан мебошанд. Аз ин рӯ, яке аз самтҳои  афзалиятноки сиёсати давлатӣ фароҳам овардани шароит барои рушди ҳамаҷонибаи насли наврас, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо мебошад. Сиёсати давлат оид ба дастгирии оила,  стратегияҳои нисбат ба кӯдакон амалишаванда ва дастовардҳои солҳои охир дар ин самтҳо тасдиқи дурустии роҳи интихобкардаи мо мебошад.
Воқеияти ҷаҳони муосир, таҳдидҳои наве, ки кӯдакон ба онҳо дучор меоянд, аз қабили ҷангҳо, камбизоатӣ ва бемориҳои вазнин, бепарвоӣ ва бераҳмии калонсолон, маълумоти барои кӯдакон зараровар ва баъзан хатарнок моро водор менамоянд, ки кӯдаконро аз ин таҳдидҳо ҳимоя намоем. Танҳо мо, калонсолон метавонем кӯдакии фарзандонамонро пурмазмун, осоишта ва бехатар гардонем. Кӯдакон ҳама вақт ба мо ниёз доранд.
Бигзор кӯдакон ҳамеша хушбахт бошанд ва беҳтарин мукофоти мо хандаву табассумҳои дурахшони онҳо бошад.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal