ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
20
ноябри
2020

Механизми миллии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон

Ба муносибати 31-солагии
қабули Конвенсияи СММ дар
бораи ҳуқуқҳои кӯдак
 
Механизми миллии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон
 
 
Ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
 
 
Бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ташаккул ёфт аз ҷумла инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардид. Тибқи талаботи моддаи 14 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
 
Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёри ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида, онҳоро қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф кард.
 
Яке аз уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба ҳисоб меравад, ки он аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», “Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ”, “Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак” ва дигар санадҳо, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонида шудаанд, сарчашма мегирад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак тамоми чораҳои заруриро меандешад.
Ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ тибқи Конвесияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак маърӯзаҳои милли пешниҳод намуда, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои он чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатро нисбати модару кӯдак кафолат додааст. Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо низ ғамхорӣ менамояд. Муқаррароти мазкур аз моддаи 34 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд.
Ғайр аз ин кафолатҳои дигаре, ки баҳри таъмини шароити мусоид ҷиҳати инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ, маънавию ахлоқӣ, эътироф, риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак пешбинӣ шудааст, дар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла Кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, мурофиавӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дарҷ карда шудаанд.
Бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъсис дода шуд. Таъсиси мақомоти махсус дар соҳаи ҳуқуқи инсон ин ҷавобгӯи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон медиҳад.
Бо назардошти мафиатҳои беҳтарини кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, инчунин кафолатҳои давлатии амалишавии онҳо соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” қабул гардид, ки он ҳуқуқи кӯдакро ба ҳаёт, озодӣ, дахлнопазирӣ шаъну эътибор, ҳаёти шахсӣ, ҳифзи саломатӣ, шахсият, озодии сухан ва виҷдон, иттилоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ, моликият, манзил, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва фароғат, муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кӯдакон ва ҷавонон ва тарбия дар оиларо кафолат медиҳад.
Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва дигар санадҳои меъёриии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудааст. Сиёсати давлат нисбати маъюбон дар асоси принсипҳои риояи ҳуқуқи инсон, манъ будани табъиз нисбати маъюбон, таъмини дастрасии тавонбахшӣ, баробарии ҳуқуқи маъюбон ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои маъюбон амалӣ мешавад.
Бо назардошти ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони маъюб гузошта шуда, дар тамоми Барнома, Стратегия ва Консепсияҳо, ки дар самтҳои алоҳидаи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар қабул мегарданд, ба масъалаи ба кӯдакони маъюб таъмин намудани имкониятҳои баробар, аз ҷумла ҳифзи иҷтимоии онҳо, пешгирии маъюбшавӣ, дастрасии онҳо ба таҳсил, тайёрии касбӣ, бо назардошти вазъи саломатӣ бо кор таъмин намудани онҳо, таъминот бо доруворӣ ва воситаҳои техникӣ афзалият дода мешавад.
Барои амалӣ гардонидани муқаррароти қонунгузорӣ соли 2011 “Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” тасдиқ карда шуд. Амалишавии Консепсияи мазкур айни ҳол идома дошта, он самтҳои асосии рушди таҳсилоти фарогирро дар ҷумҳурӣ муайян мекунад ва дар таъмини ҳуқуқҳои баробари кӯдакони имконияташон маҳдуд барои гирифтани таҳсилот мусоидат менамояд.
Дар баробар ин барои беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла тавонбахшии тиббию иҷтимоии онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри 2016 “Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” тасдиқ гардид. Мақсади Барномаи мазкур баланд бардоштани тадбирҳои солимгардонӣ, хизматрасонии тавонбахшӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони маъюб бо мақсади фароҳам овардани муҳити мусоид бо имкониятҳои баробар барои ҳама мебошад.
Бо мақсади таҳкими ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба зарурати таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки вазифаи асосии он аз мусоидат ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи кӯдак, такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, мусоидат ба ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, ба тасвиб расонидани санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи мазкур иборат мебошад.
Соли 2017 барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 тасдиқ карда шуд. Ҳадафи асосии Стратегия мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ мебошад, то ки кӯдакони маъюб ҳуқуқи худро ба таҳсили босифат бидуни ҳар гуна табъиз дар муҳити фарогир (инклюзивӣ) амалӣ намоянд.
Дар доираи амалисозии Стратегияи мазкур тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва истироҳату фароғат дар ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳо, марказҳои саломатӣ, ва истироҳатгоҳҳо мониторинг ва санҷиш гузаронида мешавад. Натиҷаи мониторинг ва санҷишҳо дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самтҳои алоҳида мавриди таҳлил қарор дода шуда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъ дар ин самтҳо ба мақомотҳои давлатӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод карда мешавад.
Ҳуқуқи кӯдак ба муроҷиат ҷиҳати таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мусоидат менамояд. Тибқи мулоҳизоти Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак бо дарназардошти манфиатҳои беҳтарини кӯдакон ва принсипи дастрас будан барои шикоят аз ҷониби кӯдакон ва аз номи онҳо, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тартиби баррасиии муроҷиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 19.09. 2020 №72 тасдиқ гардид, ки он раванди қабул, бақайдгирӣ, баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои кӯдакон, намояндагони онҳо ва дигар шахсонро аз ном ва ба манфиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои беҳдошти саломатии кӯдакону наврасон, тарбияи ватандӯстиву завқи зебоипарастии онҳо дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, дар саросари кишвар сохтмони муассисаҳои таълимӣ, саломатӣ, маҷмааҳои варзишӣ, кӯдакистонҳо ва майдончаҳои зебову замонавии варзишӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки барои таълиму тарбия ва фароғату истироҳати кӯдакону наврасон ва ояндаи онҳо мусоидат мекунад, зеро кӯдакон ояндаи ҳар як мллату давлат ба шумор мераванд. Чунон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июни соли 2011 қайд кардаанд: “Воқеан кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд”.
Бинобар ин ҳар як падару модар уҳдадоранд, ки бар ивази ҳамаи ин заҳмату ғамхориҳо фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд.
 
 
Мутахассиси пешбари
Шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода Азим

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal