ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
5
январи
2021

ТАҶРИБАИ НАХУСТ ДАР ТОҶИКИСТОН. Миёни хонандагони шаҳри Душанбе ду олимпиадаи нав баргузор мегарданд

ДУШАНБЕ, 04.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пойтахт Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва Олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор мегардад.
 
 
Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ташкил ва баргузории олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) таҷрибаи нахустин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, зеро чунин олимпиада танҳо дар  Россия ва Беларус доир мегардид.  Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе нақша дорад, ки моҳи марти соли 2021 ин гуна олимпиада доир намояд.
 
Олимпиадаи мазкур бо мақсади дарёфт ва рушди зеҳниву эҷодии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти мустақилонаи илмиву амалӣ ва тадқиқотии онҳо дар доираи фанни технология (таълими меҳнат), фароҳам овардани шароит ҷиҳати тарбияи мутахассисони соҳаи истеҳсолот, омода гардидан ба зиндагии мустақилона, тарғиби ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардида, ба касбинтихобкунии насли наврас, бедор намудани ҳисси зебоипарастӣ ва худшиносии онҳо мусоидат менамояд.
 
Олимпиадаи даставии «Истеъдод» бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» таҳия гардидааст. Олимпиадаи даставии «Истеъдод» барои хонандагони синфҳои 7-11 муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе вобаста ба фанҳои табиӣ — риёзӣ дар як давр (даври шаҳрӣ) гузаронида мешавад. Олимпиада бо мақсади дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии онҳо, ташвиқи хонандагони боистеъдод ба корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқии хонандагон, бедор намудани завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ, мусоидат намудан ба хонандагон дар интихоби бошууронаи касб ва давом додани таҳсил дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот ташкил карда шудааст.
 
Ёдовар мешавем, ки масъулияти баргузории олимпиадаҳо ба зиммаи Муассисаи давлатии «Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» ва марказҳои рушди истеъдодҳои ноҳияҳои пойтахт гузошта шудааст.
 
Бознашр ДУШАНБЕ, 04.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal