ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
7
январи
2021

Дар Душанбе ғолибони озмунҳои шаҳрии «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 06.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе  озмунҳои шаҳрии  «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол», мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» ва  хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин  ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» дониста шуданд.
 
image007 768x510
 
 Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ  «Ховар»  хабар доданд, дар даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол-2020” аз 13 фанни таълимӣ, аз ҷумла синфҳои ибтидоӣ, таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, технология  (таълими меҳнат) дар ноҳияи Сино 263 нафар, И.Сомонӣ 162 нафар, Шоҳмансур 253 нафар, Фирдавсӣ 175 нафар, дар маҷмӯъ 853 нафар омӯзгор,    дар озмуни  “Хонандаи сол-2020” дар ноҳияи Сино 27 нафар, Шоҳмансур 22 нафар, И.Сомонӣ 20 нафар, Фирдавсӣ 21 нафар,   дар маҷмӯъ 90 нафар хонанда ва дар озмуни  “Мураббии сол-2020” дар ноҳияи И.Сомонӣ 9 нафар, Шоҳмансур 9 нафар, Фирдавсӣ 11 нафар ва Сино 26 нафар, дар маҷмӯъ 55 нафар мураббӣ  иштирок намуданд.
 image003 300x199
 
 
«10-12 декабри соли 2020 бо иштироки 4 нафар довталаб- мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии    №152-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода, №159-и ноҳияи Шоҳмансур Заррина Ғуломалиева, №132-и ноҳияи Фирдавсӣ   Зебо Бодурова ва  №17-и  ноҳияи И.Сомонӣ Фарангиз Бобоҷонова даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2020” баргузор гардид, ки дар он  Шаҳло Неъматзода бо ба даст овардани 44,1 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд. 14-16 декабри соли 2020 бо иштироки  4 нафар довталаб- омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-и ноҳияи Сино  Малика Сафарова, Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Гулбаҳор Алматова, Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи И. Сомонӣ Азизбек Зумратов ва  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ  Нигора Эргашева даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори  сол-2020” баргузор гардид, ки дар он  Азизбек Зумратов бо ба даст овардани 40,8 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд”,-афзуд манбаъ.
 

image001 300x199

Иттилоъ дода шуд, ки  17-18 декабри соли 2020 бо  иштироки  4 нафар довталаб — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №87-и ноҳияи Сино  Камол Юсупов, №35-и ноҳияи Шоҳмансур Ифтихор Носиралиев, №52-и  ноҳияи И. Сомонӣ  Сумая Абдулфаёзиддин, ва  №42-и ноҳияи Фирдавсӣ  Арасту Турсунзода даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол-2020” баргузор гардид, ки дар он  Сумая Абдулфаёзиддин бо ба даст овардани 81 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд.
 
 image009 768x510
 
Ҳамзамон, ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Мураббии сол-2020” — мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода,  “Омӯзгори сол”- омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ва “Хонандаи сол — 2020” — хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин  барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
5 768x510
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal