ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
2
апрели
2021

Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз ёфт

ДУШАНБЕ, 02.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бо иштироки доираи васеи нависандагон, шоирон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва омӯзгорон оғоз гардид, ки то 9 апрел дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад.

Аз субҳи содиқ дар назди Китобхона аз ҷониби нашриёти ватанӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр пешниҳод гардида буд, ки хонандагон ва иштирокдорон бо нархи арзон асарҳои дилхоҳашонро дастрас намуданд. Ҳамчунин маҳсули офаридаҳои хонандагони чор ноҳияи шаҳри Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Сипас дар толори китобхона барномаи фарҳангӣ бо иштироки хонандагони тамоми муассисаҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар барномаи фарҳангӣ қироати шеър аз ашъори шоирон, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон ва намоиши театрии хонандагон доир гардид.

IMG 18011 300x226

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Ҳусейн Сафарзода иброз намуд, «тасмим гирифта шудааст, ки то 9 апрел дар назди бинои мазкур намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр аз ҷониби ноширони ватанӣ пешниҳод гардад. Муштариён аз ин намоиш-фурӯши китоб метавонанд китобҳоеро, ки дар Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оварда шудаанд, дастрас намоянд. Дар доираи фестивали китоб аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоиру нависандагон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои вохӯрӣ бо хонандагону алоқамандони китоб сафарбар гардидаанд».

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, «дар доираи фестивали китоб озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни «Тараннумгари Ватан», Озмуни беҳтарин иншо дар мавзӯи «Ватан-биҳишти бебаҳост», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон» ва «Ҳанарманд ҳарҷо бувад сарфароз» баргузор мегарданд. Дар доираи фестивал инчунин вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст».

Фестивали мазкур бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар», Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад. Муҳимтарин вазифаи фестивал- арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ-оммавӣ, муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, дастраси кӯдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили маърӯзаҳо, дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо, бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон, ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона мебошад.

Шоираи тоҷик Латофат Кенҷаева иброз намуд, ки «Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» фестивали на танҳо кӯдакон аст, балки он иди ҳамаи мо, мардуми тоҷик мебошад. Зеро ин иди китоб аст ва китоб меҳмони азизи ҳар хонадон мебошад. Китоб рафиқ ва раҳнамои имрӯзу фардои мост ва мо бояд доимо бо китоб бошем. Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ таваҷҷуҳро ба китоб дар мамлакат бештар намудааст, ки ин фоли нек мебошад».

IMG 1839 768x516

 

IMG 18621

 

Тавре Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, «баргузории фестивал зеҳнҳои хуфтаро бедор намуда, ба инсон умеди дигар мебахшад. Барои кӯдакон эҷод намудан хеле душвор аст, зеро шоир бояд худро дар олами кӯдакӣ эҳсос намояд. Кӯдак шеъри равонро хуб қабул намуда, ба зеҳни худ ҷой мекунад. Шеъри кӯдак бояд аз ҷое бехабар оғоз гардаду бехабар тамом шавад. Барои мисол:

Ба хона доя омад, зани ҳамсоя омад.
Мағзу мавиз оварданд, ҳар гуна чиз оварданд.
Ҳама, ки бохабар шуд, муборакбодӣ сар шуд,
Хурду калон омаданд, пеши меҳмон омаданд,
Меҳмон дар гаҳвора буд, ба гиря овора буд.

Омӯзгор аз шаҳри Душанбе Шарифамоҳ Пиракова иброз намуд, ки «он нафаре, ки аз хурдӣ рафиқи китоб бошад, хеҷ гоҳ дар зиндагӣ гумроҳ намешавад. Зеро китоб раҳнамои мо дар оянда мебошад. Кӯдакро аз хурдӣ бояд китобхон намуд. Ин ба он маъност, ки волидайн ба фарзандони хурдсоли худ ҳикояҳо ва афсона хонда, мазмунашро нақл намоянд, то ки баробари ба даст гирифтани китоб кӯдак донад, ки дар он чӣ гуфта шудааст. Ҳамчунин ҷалби беҳтарини фарзанд ба китоб- ин туҳфа намудани китоб ба онҳост. Агар мо ба фарзанди худ пайваста китоб туҳфа намоем, меҳри ӯ ба китоб бештар мегардад».

 

IMG 1826 768x593

 

IMG 1771 768x595

Дар Фестивал барои муайян намудани ғолибони озмунҳо ва иштирокчиёни фаъоли фестивал дар назди ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ҳайати ҳакамон таъйин мегарданд. Созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, инчунин ифтихорномаю нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.

Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Хуҷаста бод Истиқлол!» 9 апрел дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо иштироки китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, воситаҳои ахбори омма бо намоиши идона ҷамъбаст мегардад.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal