|
Ташриф ба муассисаи таълимӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон
|
Рӯзи 1 июни соли 2021 бо супориши роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти мазкур дар МТМУ №1 ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати табрик намудани хонандагон ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ташриф оварда шуд.
Зимни ташриф аз муассисаи зикршуда бо кӯдакон оид ба ғамхории давлату ҳукумат нисбати кӯдакон, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва дигар масъалаҳо сӯҳбатҳо гузаронида шуд.