ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
15
апрели
2022

Ифтитоҳи муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” дар шаҳри Панҷакент

14 апрел дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар”-ро ифтитоҳ карданд.
 
панчакент сад
 
 
Иншооти соҳаи маориф дар заминаи дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти фаъолияти бахши хусусӣ аз тарафи соҳибкор Муаззамхон Ансорӣ сохта шудааст.
 
сад кудакон 22
 
Бино аз 3 ошёна иборат буда, масоҳати умумии он 2400 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ дар кӯдакистон 400 нафар наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
 
кудакон 22 панчакент
 
Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, мусиқӣ, рақс, забономӯзӣ ва толор барои варзиш иборат мебошад. Бо дарназардошти шароити мусоиди таълим дар маҷмуъ 13 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд. Бунёди кӯдакистон барои амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - фарогирии бештар ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.
 
панчакент 22 сад
 
Дар Муассисаи томактабии “Маърифатпарвар” 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадриҷан аз беҳтаршавии имкониятҳо барои таҳсил дар муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олии таълимӣ ёдовар шуда, кормандони соҳаи маорифро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят карданд.
чаноб кудкон панчакент
 
Таълим дар муассисаи томактабӣ бо забонҳои тоҷикӣ, рӯсӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Шароити мусоиди фароҳамгардида, ки ба стандартҳои байналмилалии таълим мутобиқ мебошад, имкон медиҳад, ки кӯдакон шуруъ аз даврони якуми таҳсил бо бартариҳо ба омӯзиш фаро гирифта шаванд.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal