ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
17
марти
2022

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ дар Гимназияи хусусии “Кафолат” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат”-ро ифтитоҳ карданд.
 
гимназия 1дупш
 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои иловагии таълимӣ дар муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” барои 432 хонанда дар як баст бо ҷойгиркунии толори варзиши сабук ва тенниси рӯйи миз дар таҳхонаи он, синфхонаҳо дар ошёнаҳои аз дуюм то чорум, бо сатҳу сифати баланд, тарҳи меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби муассиси гимназия - соҳибкори ватандӯст Исоев Исматулло бунёд гардид.
Дар бинои иловагии таълимӣ ҳамагӣ 18 синфхонаи таълимӣ ҷойгир шудааст. Бино бо шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе пайваст гардидааст.
Дар синфхонаҳои иловагӣ шароити мусоиди таҳсил фароҳам оварда шуда, он бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз мебошад. Дар бинои нав танҳо таҳсили хонандагони зинаи ибтидоии таҳсилот - синфҳои 1 то 4 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар ошёнаи якуми бино ошхона барои 290 ҷойи нишаст ҷойгир шуда, дар он барои хонандагони муассиса беҳтарин шароит фароҳам аст. Ошхонаи муассиса бо нақшу нигори миллӣ ва санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст.
 
гим наз дуаааш
 
Корҳои ободониву бунёдкорӣ дар атроф ва саҳни бинои иловагии таълимӣ низ бо сатҳу сифати хуб ба анҷом расида, дар атрофи бино беш аз 100 адад гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонида шудааст.
Роҳбарияти муассиса дар шафати бинои иловагии таълимӣ сохтмони майдончаи варзишии болопӯшидаро оғоз намудаанд, ки рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардории таълимгирандагони гимназия қарор мегирад.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи таълимии Гимназияи хусусии “Кафолат” якуми сентябри соли 2009 ба фаъолият шуруъ намуда, раванди таълиму тарбия тибқи оиннома бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи равияи ҷамъиятӣ - гуманитарӣ ба роҳ монда шудааст.
 
гимназия ду22аапш
 
Давоми солҳои 2015-2022 хонандагони гимназия дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, 7 медали тилло ва аз олимпиадаҳои гуногуни байналмилалӣ 19 медали тилло ба даст овардаанд.
Тӯли 5 соли охир хонандагони гимназия дар озмунҳои дарёфти Стипендияи Президентӣ ва Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзида, то имрӯз 11 нафар ба гирифтани Стипендияи Президентӣ ва 17 нафар ба гирифтани Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мушарраф гардидаанд.
 
гимназияаа 1дупш
 
 
гим наз душ
 
гимназия дупш
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal