ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
11
июни
2022

Варақаи иттилоотӣ оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак

Варақаи иттилоотӣ
оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак
 
Рӯзи 10 июни соли 2022 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак, ки ҳамасола 12 июн дар тамоми ҷаҳон доир мегардад, ҳамоиш баргузор шуд.
  Дар кори он роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, муовини Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳоди корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсозӣ Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ-мутасаддиёни таъминкунандаи ҳифзи меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ ва коршиноси соҳаи ҳифзи меҳнат иштирок доштанд.
Бояд гуфт, ки Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак муайян намудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак аз соли 2005 инҷониб қайд гирифта мешавад.
Дар оғози ҷаласа муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ оид ба барҳамдиҳии шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак Маҳмадуллозода Нурулло иброз дошт, ки мубориза бо меҳнати кӯдак масъалаи рушд аст ва мутобиқи сиёсати пешгирифта яке аз афзалиятҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои давлатӣ дар пешбурди масоили ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дониста мешаванд. Масъалаи ҳифзи кӯдакон ба Низомномаи ТБМ аз оғози ташкилёбиаш - соли 1919 ворид карда шудааст. Яке аз Конвенсияҳои аввалине, ки ТБМ қабул намудааст, ин конвенсия дар бораи синни ҳадди аққали қабул ба кор дар истеҳсолот мебошад. Аз 17 Ҳадафҳои рушди устувор як масъала «қабули чораҳои фаврӣ ва самаранок барои азбайн бурдани меҳнати маҷбурӣ, ғуломдории муосир ва савдои одамон, барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон ва то соли 2025-ум азбайн бурдани меҳнати кӯдакон» муайян гардидааст.
Дар идома Маҳмадуллозода Н. зикр намуд, ки дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба масъалаи мазкур аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои эътирофнамудаи Тоҷикистон, аз ҷумла Ковенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Конвесияҳои Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат № 138 “Оиди синни ҳадди ақали барои ба кор қабул кардан”, № 29 “Дар бораи меҳнати маҷбурӣ” ва №182 “Оиди манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдак” ва Тавсияномаи ТБМ №190 “Оиди манъ намудан ва чораҳои зарурӣ андешидан ҷиҳати барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати ноболиғон” сарчашма мегирад.
 
DSC 0066
 
Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, системаи мониторинги меҳнати кӯдак, назорати он ва дигар роҳҳои таъсирасонро дар ин самт татбиқ намуда истодааст. Тибқи таҳлилҳо истифодаи меҳнати кӯдакон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. 
Дар рафти нишасти мазкур Бобоҷонзода Миҷгона - муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷуҳурии Тоҷикистон, Файзизода Исмоил - муовини якуми раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон, Акрамов Айёмбек - муовини раиси Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аминов Собир - ҳамоҳангсози Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар Тоҷикистон, Шамсиддинов Салоҳиддин - масъули Барномаи ҳифзи кӯдаки Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон ва дигар коршиносони соҳа баромад намуда, ҷиҳати тақвияти фаъолияти ҳама сохторҳо дар самти барҳам додани меҳнати кӯдакон, ҳифзи иҷтимоии онҳо,ҷалби онҳо ба таҳсил, дастгирии иҷтимоӣ ва иқтисодии оилаҳои осебпазир таклифу пешниҳодҳо манзур намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal