ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
17
марти
2023

Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!

navrouz 2023Боиси ифтихор ва шарафмандист, ки маҳз аз самараи сиёсати фарҳангпарварона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенит Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул намудааст.

 

Наврӯзи Аҷам аз хуҷастатарин дастовардҳои фарҳангиву маърифатии инсоният буда, падидаест сафобахшу саодатбор, ки инсонро ба роҳи некиву хайрхоҳӣ, зебоиву зебопарастӣ, бунёдкориву созандагӣ, ба сӯи офариниш ва эҳёву парастиши муқаддасоти инсонӣ раҳнамоӣ мекунад. Наврӯзи Аҷам - Наврӯзи тоҷикон таҷаллии донишу хирад, маърифату фазилат, фурӯғу эҳёи суннату анъана, расму оинҳои нек хуҷаставу шарифи ин миллати куҳанбунёд аст.

Яке аз қишрҳои муҳими ҷомеа, ки бесаброна фаро расидани Наврӯзро интизорӣ мекашанд, кӯдакон мебошанд. Иштироки кӯдакон дар таҷлили Наврӯз рӯҳияи ин ҷашни фархундаро боз ҳам зебову пуртароват мегардонад.

Аз ин рӯ, садои Наврӯз ҳар соли навбатӣ баландтару фарогиртар шуда, пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – мардуми моро сарбаланд ва шуҳратёр мегардонад.

Бо истифода аз имкони муносиб Шумо ҳамватанони азизро табрику таҳният намуда, бароятон умри дарози пурбаракат, саломатӣ, бахту саодат ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.

Бигузор, Наврӯзи соли 2023 барои боз як соли дигар қосиди хушбахтию бурдбориҳо ва фаровонии неъматҳои зиндагӣ гардад.

Бо эҳтиром,

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal