Бо мақсади таҳлил ва арзёбии вазъи риоя ҳуқуқу озодиҳо ва таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон тибқи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2023 ва Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2023 дар муассисаҳои кӯдакона, муассисаҳое, ки барои кӯдакон хизмат мерасонанд ва комиссияҳои маҳаллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаки шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суѓд рӯзҳои 7-11 августи соли ҷорї аз ҷониби кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиш ва чорабиниҳои иттилоотї баргузор гардид
.
Кормандони мақомот нахуст дар Ширхоргоҳ-кӯдакистони №2 шаҳри Хуҷанд санҷиш гузаронида бо шароити ин муассисаи томактабї ва вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон дар он шинос шуданд. Ширхоргоҳ-кӯдакистон дар маҳалаи 32 шаҳри Хуҷанд ҷойгир шуда, дар рӯзи санҷиш 120 нафар кӯдакон, аз ин шумора 55 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта мешуданд.
Дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Вазорати корҳои дохилї дар шаҳри Хуҷанд бошад, дар нимсолаи якуми соли ҷорї 103 нафар, аз ин шумора 11 нафар духтарон қабул ва таҳвил дода шудаанд. Зимни санҷиш аз шароити муассиса дидан намуда, бо кормандон вобаста ба мушкилоти ҷойдошта ва вазъи низоми огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунї дар байни ноболиѓон суҳбатҳо гузаронида шуд.
Санҷиши вазъи дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои тиббї дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббї-санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов нишон дод, ки дар ноҳия 35 адад муассисаҳои махсусгардонидашуда мавҷуд буда, дар онҳо 651 нафар мутахассисони соҳаи тиб фаъолият менамоянд. Муассисаҳо дар маҷмуъ барои 25 132 кӯдак хизмат мерасонанд.
Дар идомаи сафари хизматї кормандони мақомот дар шуъбаи кӯдаконаи Хона-интернат барои беморони руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов санҷиш гузарониданд. Дар шуъбаи муассисаи мазкур 48 нафар кӯдакон, аз ин шумора 22 нафарашон духтарон қарор дошта, шуъба барои қабул ва нигоҳубини 55 кӯдак пешбинї шудааст.
Аз натиҷаи санҷишҳо бо роҳбарияти муассисаҳо ва котибони комиссияҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов суҳбат гузаронида шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо дода шуданд.