ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

girl boy3

25
майи
2026

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сохтори «СММ-занон» дар Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об 2026» баргузор гардид.

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сохтори «СММ-занон» дар Тоҷикистон, дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Занон ва об 2026» баргузор гардид.

Форуми мазкур дар чаҳорчӯби Раванди оби Душанбе сурат гирифта, татбиқи бомуваффақияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028»-ро мустақиман дастгирӣ менамояд.
​Буҳрони глобалии об, ки бар асари тағйирёбии иқлим шиддат меёбад, хатарҳои амиқи гендериро ба бор меорад. Занон ва духтарон то ҳол бо бори номутаносиби норасоии об рӯбарӯ ҳастанд, ки ин ба саломатӣ, вазъи иқтисодӣ ва амнияти озуқавории онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ҳамзамон, иштироки онҳо дар равандҳои идоракунии захираҳои об дар ҳамаи сатҳҳо нокифоя боқӣ мемонад.

 

 Ҳадафи асосии форум — таъсис додани платформаи байналмилалии сатҳи баланд барои бартараф кардани ин тафовут, тасейи иштироки занон дар қабули қарорҳо ва таҳкими нақши онҳо дар маблағгузорӣ ва инноватсияҳои бахши об мебошад.
​Барномаи форум ба се ҷаласаи стратегии панелӣ гузаронида шуд.

Ҷаласаи 1: Тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занон тавассути маблағгузорӣ ва инноватсияҳо дар соҳаи об буд, ки иштирокчиён масъалаҳои таъсиси механизмҳои мақсадноки молиявиро барои занони соҳибкор ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ (аз ҷумла зеҳни сунъӣ) ҷиҳати қонеъ кардани ниёзҳои хоси занон баррасӣ намуданд.

Ҷаласаи 2: Идоракунии фарогир ва иштирок дар соҳаи об- дар ин ҷаласа маркази таваҷҷуҳ масъалаҳои ҳамгироии баробарии гендерӣ ба стратегияҳои миллии об ва механизмҳои идоракунии захираҳо дар ҳамаи сатҳҳо қарор гирифт.

Ҷаласаи 3: Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об ва пиряхҳо дар ҳамаи сатҳҳо буд, ки ба ҳамкориҳои минтақавӣ, байналмилалӣ ва илмӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкориҳои фаромарзӣ бахшида шуд.

Ифтитоҳи расмии форум ва истиқболи иштирокчиёнро Бунафшӣ Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарӣ намуд. Дар муҳокимаҳо мақомоти давлатӣ, ниҳодҳо ва вазорату идораҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявии рушд, ҷомеаи илмӣ, ниҳодҳои гендерӣ ва ҳуқуқӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок карданд.

​Натиҷаи асосии форум қабули Эъломияи Душанбе «Занон ва об» хоҳад буд, ки ба рӯзномаи Конфронси дарпешистодаи СММ оид ба об дар соли 2026 саҳми арзанда мегузорад. Танҳо дар ҳошияи форум ба фаъолияти Шабакаи шарикии «Занон ва об» ҳусни оғоз бахшида шуда, таҳияи нақшаи муштараки минтақавӣ байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва Сохтори «СММ-занон» оид ба идоракунии ба гендер нигаронидашудаи захираҳои об дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешавад.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal