ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Июн 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

girl boy3

13
июни
2026

Боздиди муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои махсус дар шаҳри Душанбе

12 июни соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомот барои соли 2026 дар ҳошияи «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдакон» муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. якҷо бо дигар кормандони мақомот ба Литсейи касбии махсуси КТИМК НҲ ҶТ ва Мактаби махсуси ҷумҳуриявии ВМИ ҶТ дар шаҳри Душанбе, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо бошандагони муассисаҳои мазкур боздид ба амал оварданд

.

Мақсад аз боздид шиносоӣ бо шароити нигоҳдорӣ ва будубоши кӯдакон, инчунин омӯзиши вазъи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар муассисаҳои мазкур буд.

Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Н.А. бо ҳолати санитариву гигиении ҳудуди муассисаҳо, синфхонаҳои таълимӣ, ҷойҳои хоби наврасон, ҳаммом, анбори маҳсулоти хӯрокворӣ, ошхона ва сифати хӯрокҳои омодашаванда шинос шуданд. Ҳамчунин, аз китобхона ва ҳуҷраи тиббии муассисаҳои мазкур дидан намуда, бо китобдор ва ҳамшираҳои тиббӣ оид ба ҳолати ба китобхонӣ машғул шудан ва вазъи саломатии кӯдакон суҳбат карда шуд.

Инчунин, дар идомаи боздид бо бошандагони муассисаҳо вохӯрӣ анҷом дода шуда, дар ҷараёни он андеша, пешниҳод ва муроҷиатҳои кӯдакон, вобаста ба беҳтар кардани шароити будубош, тақдири минбаъдаи онҳо пас аз хатми ин муассисаҳо ва дигар масъалаҳо шунида шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal