25 августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор намояндагони касбу кори гуногун мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ тақдим гардид.

Дар маросими бошукӯҳ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора бо ордени «Шараф дараҷаи II» сарфароз гардонида шуд.
Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ордени Шараф шахсоне сарфароз гардонида мешаванд, ки дар рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илм, фарҳанг ва маориф, хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ, инчунин фаъолияти босамари ҷамъиятӣ саҳми арзанда гузоштаанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати кормандони мақомот Муқимӣ Нигораро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, неруи тоза, руҳияи созанда ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои нави меҳнатӣ орзу менамоянд.






