Ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш дар Муассисаи ислоҳии 3/12 чорабинии маърифатӣ таҳти унвони «Дарси сулҳ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Дарский Радослав, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукимӣ Н.А., муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдзода Ф.Н., роҳбарият ва кормандон, омӯзгорону тарбиятгирандагони муассиса ва падару модарон иштирок намуданд
.
Дар оғози чорабинӣ Зубайдзода Ф.Н. меҳмононро хайрамақдам гуфта, бо сухани ифтитоҳӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи дониш табрик намуд. Сипас, ҷаноби Дарский Р. оид ба аҳамияти таҳсил, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва арзишҳои сулҳу таҳаммулпазирӣ андешаҳои худро баён кард.
Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мукимӣ Н.А. зимни суханронии худ таъкид намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.
Қайд гардид, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ба масъалаҳои таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, рушди маънавӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои муносиб барои таҳсилу касбомӯзӣ, алалхусус барои баргардонидани кӯдаконе, ки бо қонун дар мухолифат қарор доранд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ меҳмонон аз рафти дарсҳои тарбиятгирандагон дар синфхонаҳо дидан намуда, бо раванди таълиму тарбия шинос шуданд. Дар навбати худ тарбиятгирандагон дар васфи Ватан, сулҳ, дӯстӣ ва дониш шеърҳо қироат намуда аз таърихи Тоҷикистон ёдовар шуданд.






