ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Ноябр 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 1 2 3 4 5 6

girl boy3

27
октябри
2026

ИШТИРОКИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАКОЛАТДОРОНИ ҲУҚУҚИ КӮДАКИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ШАҲРИ ОСТОНА

 

27 октябри соли 2026 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми дуюми байналмилалии ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Садои кӯдакон: стратегияҳои миллӣ ва муҳити рақамии бехатар» баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок намуд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур Муқимӣ Нигора Аминзода бо суханронӣ баромад намуда, оид ба масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, зарурати таҳкими механизмҳои миллии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин самт ибрози назар намуд.

Зимни баромад таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, таъмини шароити мусоид барои зиндагӣ, таълиму тарбия, рушди ҳамаҷониба ва ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ масъулияти муштараки давлат, ҷомеа ва оила мебошад. Ҳамзамон, дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ зарурати андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати ҳифзи кӯдакон аз таҳдиду хатарҳои муҳити рақамӣ ва пешгирии поймолшавии ҳуқуқҳои онҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳадафи асосии форум табодули таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ, таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, такмили низоми ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва ҷустуҷӯи роҳҳои самараноки таъмини амнияту некӯаҳволии кӯдакон мебошад.

Дар ҷараёни форум иштирокчиён масъалаҳои ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ, пешгирии зӯроварӣ ва  буллинг, таъмини солимии равонии кӯдакон, фароҳам овардани муҳити бехатару фарогир ва имкониятҳои баробарро барои ҳамаи кӯдакон мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҳамзамон, ба масъалаи истифодаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ барои сари вақт ошкор намудани ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кӯдакон, муайян намудани ниёзҳои онҳо ва ташкили расонидани кумаки зарурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуми мазкур барои муаррифии таҷрибаи кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, омӯзиши таҷрибаи пешқадами давлатҳои минтақа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба рушди иқдомҳои муштарак ҷиҳати таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак мусоидат менамояд.

 

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal