ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
19
ноябри
2026

ВОХӮРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ КӮДАК БО НАМОЯНДАГОНИ ҚИШРҲОИ ГУНОГУНИ ҶОМЕАИ НОҲИЯИ ЛАХШ

      19 ноябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Лахш муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд.

     Зимни вохӯрӣ Муқимӣ Н.А. оид ба таърихи ташаккули ҳуқуқи инсон, нақши санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, инчунин фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумот пешниҳод намуд.

     Дар ҳошияи чорабинии мазкур, муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, аз ҷумла ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, зиндагии шоиста, ҳимоя аз зӯроварӣ ва табъиз шарҳ дода шуданд. Ба масъалаҳои баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, зӯроварӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин таъмини амнияти кӯдакон дар муҳити рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

      Дар вохӯрӣ зиёда аз 220 нафар намояндагони мақомоти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, омӯзгорон, падару модарон, ҷавонон ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.

 

     Дар анҷоми чорабинӣ миёни Муқимӣ Н.А. ва иштирокчиён суҳбати озоду судманд баргузор гардида, масъалаҳои мубрами ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва роҳҳои пешгирии поймолшавии ҳуқуқи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal