30
апрели
2019
|

ДУШАНБЕ, 30.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик дар назар аст. Ин иқдом маротибаи чандум аст, ки хуб ба роҳ монда шуда, то ба имрӯз чанд тан аз кӯдакони тоҷик аллакай ба Ватан баргаштаанд. Дар ин росто коршиноси масоили сиёсӣ, корманди масъули Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ ақидаҳои худро чунин иброз дошт.

Санаи 26 апрели соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р.Ҳ. дар маросими муаррифии Барномаи нави таълимии фарогир оид ба таҳрезии графикӣ ва дастгирии шуғл барои ҷавонони дорои маъюбият иштирок ва суханронӣ намуд.
25
апрели
2019
|
Дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ҳамкориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мониторинги фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ ва миёнаи умумӣ сол аз сол тақвият меёбанд.

Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 мониторинги фаъолияти як қатор кӯдакистонҳо гузаронида шуд.