9 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси муштараки Созмони Милали Муттаҳид, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон ва САҲА Форуми миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии духтарон баргузор гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
|
6
октябри
2026
|
6 октябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошими ВМКБ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ, масъулони соҳаҳои дахлдор ва сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, ҳамзамон қабули шаҳрвандонро анҷом доданд ва аз як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ ва сохторҳои дахлдор боздид ба амал оварданд.
|
5
октябри
2026
|
5 октябри соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоби ВМКБ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода бо роҳбарону кормандони сохторҳои давлатӣ, масъулони соҳаҳои дахлдор ва сокинони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, қабули шаҳрвандонро анҷом доданд ва аз як қатор муассисаҳои иҷтимоӣ боздид ба амал оварданд.
Мулоқоти Муқимӣ Нигора бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд
1-уми октябри соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора бо намояндагони Дирексияи идоракунии давлатии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (СҲИР) мулоқоти маҷозӣ анҷом дод.
|
18
сентябри
2026
|
18 сентябри соли 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи 101-уми Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориши навбатии даврии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.
Дар кори ҷаласа ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ иштирок намуд.
Зимни муаррифии гузориши миллӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал оид ба раванди татбиқи муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.






