ш.Душанбе. 09.12.2021. Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми II байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, намояндагони васоити ахбори омма ва иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакону наврасони “Шукуфаҳои пойтахт”, ки аз тамоми минтақаҳои кишвар давоми рӯзҳои 6-10 декабри соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе қарор доранд, иштирок намуданд.
ш. Душанбе. 07.12.2021. Субҳи имрӯз дар Кохи “Суруш”-и шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи расмии Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ-“Шукуфаҳои пойтахт” бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, сохторҳои шаҳрӣ ва кӯдакону наврасони соҳибистеъдоду эҷодкори пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҷаҳони мутамаддин ҳамасола 20 ноябрро ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак таҷлил менамояд ва дар ин радиф чорабиниҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор мешаванд.
Яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ки соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдак ва 75-солагии таъсисёбии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид, Анҷумани байналмилалӣ мебошад, ки ба таври фосилавӣ рӯзи 19 ноябри соли 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ташкил ва гузаронида шуд.
5
ноябри
2021
|
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори санаи муҳимми таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик мегӯям ва орзумандам, ки парчами давлатии Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу суботи мамлакат ҳамеша парафшон бошад ва мардуми сарбаланди кишварро ба сӯйи ояндаи боз ҳам осудаву обод роҳнамоӣ созад.