|
7
апрели
2026
|

Санаи 2 апрели соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ҷаласаи 6-уми Комиссияи ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласаи зикршуда вобаста ба ҷараёни омодагии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои гузаронидани аксияи байнидавлатии «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар ИДМ» (рӯзҳои 6-10 апрели соли чорӣ) иттилои аъзои Комиссия шунида шуда, қарори дахлдор қабул гардид.
|
9
феврали
2026
|
Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 санаи 9 феврали соли 2026 дар толори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони масъули мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2025 ташкил ва гузаронида шуд.
Зимни нишаст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан намуда, иброз дошт, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба роҳ монда, дар соли 2025 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешбурди ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.
Ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 10 декабр ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил гардида, бахшида ба ин сана мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар доираи «Ҳафтаи ҳуқуқи инсон» чорабиниҳои гуногун мегузаронад.
Дар ин робита, ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва таъмини манфиатҳои беҳтарини онҳо, инчунин натиҷагирӣ аз санҷишу мониторингҳои мақомот дар муассисаҳои кӯдакона дар соли 2025 бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва шарикони рушд, ки бо кӯдакон фаъолият мебаранд, санаи 11 декабри соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Ҳилтон” бо мусоидати дафтари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ мизи мудаввар баргузор гардид.

боздид аз Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-2 ва кӯдакистони “Ахтарак” ноҳияи Рашт
Зимни сафари кории худ санаи 31 июл соли 2025 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
М. Бобоҷонзода, аз Муассисаи таҳсилоти томактабии №1-2 ва кӯдакистони “Ахтарак” ноҳияи Рашт боздид ба амал овард.
|
18
майи
2025
|
Таҳти ин мавзуъ санаи 16 майи соли ҷорӣ дар доираи Раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нақшаи кори Комиссияи ваколатдорони ҳуқуқи кӯдаки (омбудсменҳои) давлатҳои – узви ИДМ барои соли 2025 бо ибтикори мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 80-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тариқи маҷозӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоту муассисаҳои давлатҳои – узви Комиссия, аз ҷумла аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсия Россия ва ҳамчунин намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок ва суханронӣ намуданд.






