ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Июн 2026
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5

girl boy3

1
июни
2026

29 майи соли 2026 кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи «Good Neighbors» дар Тоҷикистон дар чорабинии иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №125 ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид, иштирок ва баромад намуданд.

1
июни
2026

Дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон санаи 1 июни соли ҷорӣ кӯдакон – муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фаъолияти мақомот, кормандон ва шароити кории онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

1
июни
2026

1 июни соли ҷорӣ Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муқимӣ Нигора Аминзода, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба Марказҳои дастгирии оила ва кӯдаки №1 ва №2, инчунин Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе ташриф оварданд.

1
июни
2026

Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳабри Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ-академӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид.

27
майи
2026

Санаи 26 майи соли ҷорӣ намояндагони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кормандони Филиали ташкилоти ғайритиҷоратӣ, байналмилалии башардустонаи “Good neighbors” дар Тоҷикистон, масъулини раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат ва котиби мақомоти васояту парастории Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳошияи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон” дар чорабиниҳои баргузорнамудаи МТМУ №4 ва № 13 шаҳри Ваҳдат ширкат варзиданд.

Омодакунандаи сомона DarAmal