ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
14
апрели
2026

Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ба саломатӣ

Ҳуқуқ ба саломатӣ яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои инсон буда, нисбати кӯдакон аҳамияти боз ҳам бештар дорад. Кӯдакон ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ниёз ба ғамхорӣ, дастгирӣ ва ҳифзи махсус доранд. Таъмини саломатии кӯдак на танҳо масъулияти оила, балки вазифаи муҳими давлат ва ҷомеа мебошад. Пеш аз ҳама, ҳуқуқи кӯдак ба саломатӣ дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак муқаррар гардидааст. Тибқи ин санад, ҳар як кӯдак ҳақ дорад ба хизматрасониҳои тиббӣ, ғизои солим, оби тоза ва муҳити беҳтарин дастрасӣ дошта бошад.

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тандурустӣ ба ҳифз ва таҳкими саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо ва таъмин намудани дастрасии баробар ба хизматрасониҳои тиббӣ равона шудааст.

 

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, аз ҷумла ҳуқуқ ба саломатӣ, дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои соҳавӣ таъмин карда мешавад. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, аз ҷумла кӯдакон аз моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, зимнан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027, Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027, Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то соли 2040, Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038, қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Илова бар ин, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, № 414 Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 тасдиқ гардидааст, ки он раванди ислоҳот дар соҳаи тандурустиро муайян намуда, роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаи ҳифзи солимии аҳолиро пешбинӣ мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи солимии аҳолӣ, хусусан, барои солимии насли наврас таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Чунончи, моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» муқаррар кардааст, ки кӯдак ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад ва давлат бо мақсади таваллуди кӯдаки солим барои ҳифзи саломатии падару модар шароити мусоид муҳайё мекунад.

Инчунин, давлат ба кӯдакон расонидани ёрии тиббии ройгонро дар асоси Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти №600 тасдиқ шудааст, кафолат дода, кӯдакони то яксола, кӯдакони маъюб ва гирифтори бемориҳои муайяне, ки қарори мазкур муқаррар намудааст, ройгон табобат мегиранд. Ҳамчунин, ҳама гуна озмоишҳои тиббӣ ва илмиро нисбат ба кӯдак манъ кардааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак таъсис дода шуда, вазифаҳои худро дар доираи салоҳияти бо қонун муқарраршуда, тавассути қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, такмили қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, санҷиши вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, баланд бардоштани маърифатнокии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак амалӣ мегардонад.

Масъалаҳои мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон пайваста аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирӣ карда мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони имконияташон маҳдуд, дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор, таъсиси муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва тиббӣ пешравиҳо назаррасанд.

Мусаллам аст, ки кӯдак бояд дар муҳити солим ба воя расад, аз хизматрасониҳои тиббӣ баҳравар бошад ва тарзи ҳаёти солимро омӯзад. Нигоҳубини тиббӣ, пешгирии бемориҳо ва ғизои солим заминаи рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии кӯдакон мебошанд. Биноан, мусоидат ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба саломатӣ ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи онҳо ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлат арзёбӣ гашта, дар ин ҷода Ҳукумати кишвар ва мақомоти марбута чораҳои дахлдор андешида истодаанд.

Ҷиҳати таъмини дастрасии кӯдакон ба саломатӣ ва беҳдошти вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар самти хизматрасониҳои тиббӣ кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон пайваста дар марказҳои саломатӣ, шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ боздидҳо ва санҷишу мониторингҳо мегузаронанд.

Аз натиҷаи санҷишу мониторингҳои гузаронидашуда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини соҳа дахлдор тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардида, аз ҷониби ин ниҳодҳо дар ин самт чораҳо андешида мешаванд.

Ҳамчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар баробари санҷиши вазъи таъмини ҳуқуқ ба ҳаёт ва саломатии кӯдакон бо масъулини соҳа ва падару модарон вохӯриҳои иттилоотӣ гузаронида, оид ба муқаррароти қонунгузорӣ, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ ва соҳавӣ, дастовардҳои ҷумҳурӣ, сиёсати давлатӣ дар ин самт маълумот пешниҳод менамоянд.

Метавон хулоса кард, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ба саломатӣ заминаи рушди солимии ҷомеа мебошад. Кӯдакони солим – ояндаи дурахшони миллатанд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ҷомеа бояд дар ҳифзи ин ҳуқуқи муҳим саҳми худро гузорад.

 

Низомов А.Б. -муовини сардори

Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки

Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи

инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal